ДУШАНБЕ, 5 февр — Sputnik. Нуриддин Давронов, нимҳимоятгари 29 солаи тими мунтахаби Тоҷикистон карераашро дар дастаи индонезиягӣ идома медиҳад.
Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ин бора иттилоъ дода, гуфтааст, Давронов минбаъд дар ҳайати дастаи “Борнео”-и Индонезия бозӣ хоҳад кард.
Ба иттилои манбаъ, мутобиқи шартномаи ба қарибӣ имзошуда, Нуриддин Давронов давоми як сол дар ҳайати “Борнео” таҳти рақами 8 ба майдон хоҳад баромад.
Нуриддин Давронов солҳои гуногун дар дастаҳои “Истиқлол” (Душанбе) “Слобода” (Сербия), “Дунав” (Булғория), “Мадура Юнайтед” (Индонезия) ва “Оман” (Оман) бозӣ кардааст.
Давронов дар ҳайати яккачини кишвар шурӯъ аз соли 2008 ҳунарманоӣ карда, дар ин муддат дар 50 бозӣ иштирок кардааст.