ДУШАНБЕ, 4 февр — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар авалҳои моҳи феврал тарма, борон ва ҳавои абрнок пешбинӣ мешавад, гузориш додааст Ожонси обуҳавошиносии кишвар.
Интизор меравад, рӯзҳои нздик дар минтақаҳои кӯҳӣ тарма фарояд.
Дар Душанбе рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва аз 8 то 10 дараҷа гармӣ пешбинӣ мегардад. Шабона борон мебораду ба барф мубуддал мешавад ва то ҳаво то 1 дараҷа сард хоҳад шуд.
Шамол аз тарафи Шарқ то 8 метр дар як сония мевазад.
Дар шимоли Тоҷикистон, дар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд бориши барфи зиёд дар назар аст. Ҳаво рӯзона абрнок ва шамол то 15 метр сония мевазад. Ҳарорат аз 4 дараҷа сард то 10 дараҷа гарм мешавад.
Дар ғарби ВМКБ шабона то 13 дараҷа сард ва рӯзона то 5 дараҷа сард мешавад. Барф меборад. Дар шарқи вилоят то 42 дараҷа сардӣ пешбинӣ мегардад.
Дар ҷануби Тоҷикистон, дар вилояти Хатлон дар водиҳо борон ва дар минтақаҳои кӯҳӣ барф меборад. Рӯзона ҳаво абрнок шуда, аз 0 то 12 дараҷа гарм мешавад.
Дар навоҳии тобеи марказ дар водиҳо шабона то 1 дараҷа сард ва то рӯзона то 10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 4 то 16 дараҷа хунук мегардад, ҳамчунин бориши борону барф дар назар аст.