ДУШАНБЕ, 4 февр — Sputnik. Зулайхо Маҳмадшоева дар паёми видеоӣ ба мухлисонаш аз сабти суруди нав хабар дода далели ба таъхир афтодани нашрашро гуфт.
Ба гуфти Зулайхо ин суруд, таҳти унвони "Ошиқӣ дигар тамом аст" буда, бояд дар остонаи Соли нави 2020 нашр мешуд.
Посмотреть эту публикацию в Instagram“Ошиқй дигар тамом аст” Оханги устоди нотакрорам @mohmanizhadavlat ❤️
"Салом дӯстони азиз. Тасмим гирифтаам, ки таронаи нави худро бо номи "Ошиқӣ дигар тамом аст" рӯи нашр биёрам. Ин суруд бояд дар соли нав меборомад ва дар айни баромаданаш як мушкилӣ пайдо шуда буд ва шукр, кӣ он мушкилиро бартараф кардем ва рӯзҳо наздик тарона пешкаши шумо мегардад", - мегӯяд Зулайхо.
Оҳанги ин суруд ба Манижа Давлатова тааллуқ дошта шеъраш аз шоири афғон Султони Пайванд мебошад.
Дар охир Зулайхо изҳори умедворӣ кардааст, ки оҳанг писанди мухлисонаш мегардад.
Зулайхо пештар дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки Манижа Давлатова устодаш дар ҷодаи ҳунар аст.
"Ман Манижа Давлатро аз хурдӣ дӯст медораму пайрави сабки ӯ будам. Имрӯзҳо низ бо Манижа ҳамкорӣ дорам. Ӯ бароям оҳанг менависад, ман бошам иҷро мекунам".
Ахиран Зулайхо Маҳмадшоева намоҳанги ҷадиди худро таҳти унвони "Балҷувон" дар Соли нав пешкаши мухлисонаш кард.
Дар ин намоҳанг овозхон аз муҳаббат, зулми хушдоман ва ноадолатии замон сароид.