Падар гуфту писар нахост: Ҳабиб дар бораи реванш бо Конор бар ивази 100 миллион

© AP / Seth WenigХабиб Нурмагомедов и Конор Макгрегор
Хабиб Нурмагомедов и Конор Макгрегор  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳабиб гуфтааст, ки ҳатто 100 миллион доллар пардохт кунанд ҳам, намехоҳад "бори дигар Конорро занад". Аммо падари варзишкор гуфта буд, ки писараш бар ивази 100 миллион ба реванш мебарояд

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммедов эҳтимоли реванш бо варзишкори ирландӣ Конор Макгрегорро бар ивази 100 миллион доллар тавзеҳ додааст, хабар медиҳад Sport24.

"Реванш бо Конор барои ман шавқовар нест. Агар 100 миллион доллар пешниҳод кунанд чӣ? Намудҳои гуногуни варзиш ҳастанд, ки ин миқдор пулро метавон маблағгузорӣ кард. Чи лозим ба ман 100 миллионе, ки бар ивазаш ман он аблаҳро занам?", - гуфтааст вай.
Чемпион Gorilla Fighting Championship (GFC) Умар Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон
Бародари Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо UFC шартнома баст

Пештар Абдулманап Нурмуҳаммадов, падари Ҳабиб, шарти рақобати такрории писараш бо Конор Макгрегор, размикори ирландиро пардохти 100 миллион доллар гуфт.

"Ба мо ҳам реванш зарур, танҳо 100 миллион долларро бояд пардохт кунанд. Ин пулро диҳеду рӯзи дигар баъди сабқат бо Фергюсон реванш баргузор мешавад, чаро не. Шояд Дэйна Уайт мехоҳад бо чунин маблағ зӯрозмоӣ ташкил кунад”, - изҳор доштаст Нурмуҳаммадови калонӣ.

Ӯ дар мавриди пирӯзии Макгрегор бар Доналд Серроне дар 40 сония гуфтаст, интизор дошт, ки ин сабқат дар даври аввал анҷом меёбад, чун Серроне омода набуду то ин сабқат ҳам ӯро ҳама кӯфтаанд.

Арзиши гаронтарин чипта ба муҳорибаи Ҳабиб ва Фергюсон маълум шуд

Дэйна Уайт, президенти UFC дар пайи пирӯзии Макгрегор ошкоро майлаш ба баргузории сабқати такрории ӯ бо Ҳабибро баён дошта, таъкид намуд, ки онҳо ҳамдигарро чашми дидан надоранд.

“Конор медонад, ки ба сабқати аввал бо Ҳабиб ба дараҷаи 100 дарсадӣ омода набуд ва девонавор хостори реванш аст. Мо ин сабқатро дар сатҳи зӯрозмоии Марвин Хаглер — Томас Хирнс, Моҳаммад Алӣ — Ҷорҷ Форман, Алӣ — Ҷо Фрейзер медонем", - изҳор дошт Уайт.

Раҳбари UFC бовар дорад, ки реванш бо варзишкори ирландӣ "барои мероси Нурмуҳаммадов бисёр муҳим аст".

Заслуженный тренер России Абдулманап Нурмагомедов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Падари Ҳабиб муҳорибаи Конор ва Серронеро сохтакорӣ хонд
"Ӯ Конорро зад. Агар ӯ Тонӣ Фергюсонро мағлуб кунад ва боз Конорро шикаст диҳад, фаъолияти варзишияшро бо пирӯзӣ бар беҳтаринҳо, бо ҳисоби 30:0 (30 пирӯзӣ ва ягон мағлубият - шарҳ аз идора) метавонад анҷом диҳад. Ин кори бесобиқа мешавад", - изҳор дошт Уайт.

Ба суол дар мавриди тақдири реванш дар сурати шикасти Ҳабиб аз Тонӣ Фергюсон президенти UFC изҳор дошт, ки “Конор мехоҳад, камарбандро баргардонад, бинобар ин бо қаҳрамон зӯрозмоӣ хоҳад кард”.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов соли 2018 дар доираи рақобати UFC 229 Конор Макгрегоро мағлуб карда буд.

Бозии Ҳабиб бо Тонӣ 18 апрел дар майдони Вarclays Center дар Ню-Йорк баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0