ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Ипотека агар дарозмӯҳлат шавад, ба ҳамагон дастрас хоҳад шуд, гуфт раиси "Амонатбонк" Сироҷиддин Икромӣ дар рафти нишасти матбуотӣ.
Ба гуфтаи Икромӣ, феълан мӯҳлати қарзи ипотекӣ аз 5 то 10 сол муқаррар карда шудааст, аммо мӯҳлати сармоягузории бештари сокинон то 1,5 сол аст.
"Банкҳои Тоҷикистон, ба ғайр аз Бонки миллӣ, ҳуқуқи чоп кардани пулро надоранд, онҳо сармоя ҷалб мекунанд ва сипас қарз медиҳанд. Барои додани қарзҳои дарозмуддат, сармоягузориҳои дарозмӯҳлат лозиманд", - тавзеҳ дод вай.
Икромӣ афзудааст, ки "Амонатбонк" нақша дорад аз ҳисоби сармояи хусусиаш қарзи ипотека диҳад.
"Тағйирот ба қонун "Дар бораи ипотека", ки ба наздикӣ қабул гардид, имкон медиҳад, ки раванди қарздиҳӣ тезонида шавад. Мувофиқи тағйироти мазкур, бонкҳо ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки бе воситаи суд, дар ҳолати надодани қарзи ипотекӣ, хонаи харидаашонро аз муштарӣ кашида гиранд", - гуфт вай.
Муроҷиати модарони Душанбе ба Рустам Эмомалӣ: дар роҳандозии "ипотека" мусоидат кунед
Икромӣ ёдрас шуд, ки то қабул шудани тағйиротҳо ба қонуни ипотекӣ, бонкҳо метавонистанд танҳо ба воситаи суд сармояи харидаашонро кашида гиранд.