ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Қурби миёнаи фурӯши як рубли русӣ дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон аз 0.1515 то 0.1525 сомониро ташкил медиҳад, хабар додаст Бонки миллӣ.
Ба иттилои манбаъ, нишондоди миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА аз 9.6935 то 9.7000 сомонӣ ва 1 евро муодили 10.7152 то 10.8000 сомонӣ шудааст.
Дар қурби расмӣ дар бозори ғайринақдӣ Бонки миллии Тоҷикистон афзудааст, ки имрӯз доллари ИМА - 9.6953 сомонӣ, 1 евро - 10.7152 сомонӣ ва 1 рубли русӣ - 0.1515 сомониро ташкил медиҳад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз дафтарҳои асосии бонкҳо, намояндагиҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.