Ҷашнҳои рӯзи 3 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 3 февраля
День 3 февраля - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи сеюми феврал Рӯзи байналмилалии мубориза бо забони ғайримеъёрӣ буда, дар Ветнам — солгарди таъсиси Ҳизби коммунистӣ ва дар Мозамбик – Рӯзи қаҳрамонон таҷлил мешавад

Рӯзи 3 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1972 дар шаҳри Саппорои Япония бозиҳои XI зимистона оғоз гардида, 13 январ ба анҷом расиданд.

Соли 1976 пойтахти Мозамбик аз Лоуренсу Маркеш ба  Мапуту тағйири ном кард.

День 27 января - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 27 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2005 дар наздикии шаҳри Кобули Афғонистон ҳавопаймои «Boeing 737» ба садама дучор шуда, 104 нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 2016 ширкати Google дар интернет барои мубориза бо тарғиби терроризм ва экстремизм лоиҳаи санҷишӣ роҳандозӣ намуд.

Рӯзи 3 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1929 – Ифтитоҳи Конфронси II-юми вилоятии Тоҷикистон, ки дар он нақшаи панҷсолаи якуми рушди хоҷагии халқи ҷумҳурӣ маъқул шуморида шуд.

Соли 2009 Эмомалӣ  Раҳмон ҷиҳати иштирок дар саммити ғайринавбатии сарони давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони иқтисодии АвруОсиё ба шаҳри Маскав сафар кард.

Соли 2010 – Кумитаи миллии олимпӣ, КВД "Талко" ва дзюдочӣ Расул Боқиев қарордоде ба имзо расониданд, ки мутобиқи он, ба муддати се соли наздик "Талко" сарпарасти генералии варзишгар шуд.

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе Сафири вақти Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов ба собиқадорони муҳосираи Ленинград, ки дар Тоҷикистон истиқомат мекунанд, дар вазъияти тантанавӣ медалҳои ҷашнии «65 — солагии озодкунии Ленинград аз муҳосираи фашистӣ»-ро супорид.

День 26 января - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 26 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе механизми маблағгузории мутобиқшавӣ  ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон расман ба истифода дода шуд.

Соли 2017 масоили рушд ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанба миёни Тоҷикистон ва Непал баррасӣ карда шуд.

 

Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир карда,  вобаста ба боришоти рӯзҳои охир (соли 2017) ба масъулини сохторҳои дахлдор, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ супориш дод, ки баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода бурда, амнияти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва шаҳрвандонро таъмин намоянд.

Ҷашнҳои рӯзи 3 феврал

  • Рӯзи байналмилалии мубориза бо забони ғайримеъёрӣ.
  • Дар Ветнам — солгарди таъсиси Ҳизби коммунистӣ.
  • Дар Мозамбик – Рӯзи қаҳрамонон.

Рӯзи 3 феврал кӣ ба дунё омадааст

Маҳмадсаид Аҳмадов (1955)- сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Темур Каримов (1928 – 1989) – доктори илми таърих, профессор.

Лев Катасев (1919) – доктори илмҳои физикаю математика.

Алексей Ким (1960)- доктори илми тиб, профессор.

Котс Яков (1898 – 1973) – доктори илми тиб, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Ҳаитбой Мирҳайдаров (1945)-адабиётшинос, профессор.

Собирҷон Назаров (1991)-варзишгар, боксчӣ, чемпиони Осиё.

Ҷамол Холматов (1960) –доктори илми тиб, профессор.

Шодӣ Саттор (1944) – шоири узбекзабон, мутарҷим.

Обид Шукурзода (1956)- мутарҷим.

Лентаи хабарҳо
0