Ҳаққи дахолат надорам, вале: раиси Суди олӣ дар бораи озодии Далер Шарифов

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкШермухаммад Шохиен. Архивное фото
Шермухаммад Шохиен. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, мегӯяд, бо маводу масъалагузориҳои зиёде, ки атрофи парвандаи Далер Шарифов, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик нашр ёфтаанд, шинос шудааст

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Шоҳиён зимни нишасти матбуотӣ гуфт, алайҳи қарори ҳабси пешакии Далер Шарифов шикоят ворид шудааст ва додгоҳи Душанбе онро баррасӣ хоҳад кард.  

Здание Генеральной прокуратуры РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Изҳороти расмии Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи боздошти Далер Шарифов

“Дар мавриди парвандаи Далер Шарифов, маводи хеле зиёде, ки чоп карда мешаванд, шинос шудам, омӯхтам. Масъалагузориҳои зиёд мешавад. Мақомоти тафтишоти пешакӣ парвандаро тафтиш карда истодааст. Фақат суди ноҳиявӣ муайян кардани чораи пешгириро дида баромад. Чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс нисбати ин шахс татбиқ карда шудааст”, - изҳор дошт Шоҳиён.

Ӯ афзуд, ки алайҳи қарори додгоҳ дар бораи ҳабси пешакии Далер Шарифов шикоят ироа шудааст ва масъалаи чораи пешгирӣ нисбати ӯ аз ҷониби додгоҳи шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Ба суол, ки оё эҳтимолияти раҳоии Далер Шарифов бо қарори додгоҳи Душанбе вуҷуд дорад, Шермуҳаммади Шоҳиён посух дод, ки ҳаққи дахолат ба кори суд надораду ба ҳар сурат Шарифов аз хидмати ҳимоятгарон бархӯрдор аст. 

“Суд мустақил аст, на раиси суд ва на дигар кас ҳақ надорад ба кори суди Душанбе ё дигар суд ҳангоми баррасии парвандаҳо дахолат кунад. Вале агар қарори ғайриқонунӣ содир карда бошад, дар доираи талаботи қонун мавриди баррасӣ қарор мегирад. Ба ҳар сурат ҳимоятгар дорад, агар ҷиноят содир накарда бошад, бояд исбот кунад дар рафти тафтишоти пешакӣ, ки ҷиноят накардааст”, - изҳор дошт Шоҳиён.

Ин дар ҳолест, ки боздошти Шарифов нигарониҳо миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорони Тоҷикистонро ба бор овард.

Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“Ба ҷамъият хавфе надорад”: дархости раҳоии рӯзноманигор Шарифов аз додгоҳи болоӣ

Додситонии кулли Тоҷикистон дар изҳороте, ки 1 феврал нашр кардааст, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик Шарифов Далерро дар нашри мақолаҳои дорои мазмуни эсктремистӣ, муттаҳам кард.

"Шарипов Далерҷон Абдуманноновичсоли таваллудаш 1988, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Ниёгони ҷамоати деҳоти Бурунови шаҳри Ваҳдат, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, дар давоми солҳои 2013-2019 зиёда аз 200 матлабу мақолаҳои дорои мазмуну муҳтавои экстремистиро нашр намудааст, ки ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд", - омадааст дар изҳороти расмӣ.

Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон бо нашри як изҳорот шеваи боздошт ва муносибати мақомотро дар қазияи Далер Шарифов, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик ғайри қобили қабул хондааст.

Далер Шарифов, рӯзноманигори боздоштшуда - Sputnik Тоҷикистон
Изҳороти Анҷумани ВАО-и Тоҷикистон ва қарори ҳабси пешакии Далер Шарифов

"Шеваи боздошт ва муносибати масъулини мақомотро қобили қабул намедонем, зеро зимни даъват ва боздошт кардани Далер Шарифов эҳтимол меравад, ки аз тарафи мақомот талаботи меъёрҳои қонунгузорӣ сарфи назар шудаанд, гуё ӯро ба мулоқот даъват (бидуни супурдани даъватнома бо нишондоди мақоми вай ‐ гумонбаршуда, шоҳид ва ғ.) намуда, боздошт карданд. Вай аз лаҳзаи боздошт шуданаш то рӯзи сеюм дастрасӣ ба вакили мудофеъ надошт”, - омадааст дар изҳорот.

Анҷумани миллии ВАО аз мақомоти тафтишотӣ талаб кард, ки дар баррасии мавод ва ҳолатҳои қазия волоияти қонун бечунучаро риоя шавад.

Далер Шарифов қаблан дар телевизиони давлатии “Сафина” кор мекард ва солҳои охир ба иттилои наздиконаш ба далели мушкили пайдо кардани кори доимӣ дар ВАО, баробари ҳамкорӣ бо расонаҳо ба кишоварзию китобфурӯшӣ машғул буд.

Лентаи хабарҳо
0