Чуноне мақомоти Тоҷикистон шарҳ дод, аз нав ба қайдгирии симкортҳо ба хотири пешгирии амалҳои террористӣ, ки бо ёрии телефонҳои ҳамроҳ сурат мегиранд, роҳандозӣ шудааст.
Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфт, бақайдгирии симкортҳо дар Тоҷикистон ба рушди соҳаи алоқа ва иқтисоди рақамӣ таъсири мусбат дорад.
Барои ба қайд гирифтани симкорт муштарӣ бояд бо шиноснома ба дилхоҳ нуқтаи хизматрасонии ширкатҳои мобилӣ ҳозир шавад.
Муҳлати охирини бақайдгириии симкортҳо рӯзи 15 феврал эълом шудааст.
Вале, ба ин нигоҳ накарда то имрӯз аз 5,1 миллион муштарии фаъол танҳо 3,2 миллион муштарӣ симкорташро ба қайд гирифтааст.
Дар Хадамот гуфтанд, ки агар нафаре симкорташро то муҳлати муайяншуда ба қайд нагирад, симкорташ автоматӣ хомӯш мешавад.
Ин маънои онр дорад, ки аз 7 миллион муштарӣ, тақрибан 3,8 миллион муштарӣ метавонанд "дастнорас" шаванд.