Ҳамдардии Шавкат Мирзиёев бо Си Ҷинпин: "кумакатон мекунем"

© Пресс-служба президента УзбекистанаПрезидент Шавкат Мирзиёев в рамках проходящего в Циндао Саммита ШОС встретился с Председателем Китайской Народной Республики Си Цзиньпином
Президент Шавкат Мирзиёев в рамках проходящего в Циндао Саммита ШОС встретился с Председателем Китайской Народной Республики Си Цзиньпином - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба раисиҷумҳури Чин, Си Ҷинпин изҳори ҳамдардӣ карду пешниҳоди кӯмак намуд

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Раисиҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев барои ҳалокати шаҳрвандони Чин дар паи паҳншавии вируси "тоҷдор" ба ҳамтояш Си Ҷинпин изҳори таслият кард, хабар медиҳад котиботи президенти Узбакистон.

"Аз номи мардуми Узбакистон ва шахсан аз номи худ ба кулли мардуми дӯсти Ҷумҳурии Чин барои қурбониёни вирус изҳори таслият мекунам ва ба беморон шифои комил орзу дорам", - омадааст дар номаи таслияти Мирзиёев.

Дар ин росто, президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев барои рафъи таҳдиди ҷаҳонӣ ба Си Ҷинпин пешниҳоди кӯмак кард.

Люди, одетые в защитную одежду, дезинфицируют область в Ухане - Sputnik Тоҷикистон
Таъйиди марги нахустин қурбонии вируси "тоҷдор" берун аз Чин

"Меҳохем барои мубориза бо таҳдиди умумӣ ба шумо кӯмак кунем. Ҳукумати Узбакистон омода аст бо ҷониби Чин дар мубориза бо беморӣ ҳамкорӣ кунад", - гуфтааст Мирзиёев.

Мирзиёев ҳамчунин ибтикори Ҳукумати Чинро дар мубориза бо вирус баланд баҳогузорӣ кардааст.

Вируси "тоҷдор"

Ёдрас мешавем, ки авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Ухан хабар доданд.

Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Ухани Чин пайдо карданд. 

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид.

Шаҳр "мурд": Ухан-маркази пайдоиши коронавирус чӣ ҳол дорад - гузориши аксӣ

Феълан гирифторони короноврус дар Фаронса, Италия, Олмон, ИМА, Австралия, Вьетнам, Гонконг, Ҳиндустон, Малайзия, Макао, Непал, Канада, Сингапур, Таиланд, Тайван, Ҷопон, Филиппин, Финляндииӯя, Куреи Ҷанубӣ ва Украина ба қайд гирифта шудаанд.

"Ором бошед": ВУХ Тоҷикистон аз тоҷикони Чин хост, ки аз худ дарак диҳанд

Дар Русия рӯзи 31 январ ду шаҳрвади Чин бо вируси тоҷдор ба қайд гирифта шуд. Яке дар вилояти Тюмен ва дигарӣ дар Забайкал.

Лентаи хабарҳо
0