Бархӯрди маргбори мошини Убайдуллоевна бо "Хундай-Старекс" дар роҳи "Душанбе-Хуҷанд"

Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи нақлиётие хабар медиҳад, ки боиси ҳалокати кӯдаки ноболиғ шуд

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар ҳудуди шаҳри Гулистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки қазия рӯзи 31 январ ба вуқӯъ пайвастааст.

Бархӯрди маргбори "Шакман" ва "Опел-Астра" дар ҳудуди ноҳияи Данғара

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра", Усмонова Нилуфар Убайдуллоевна, соли таваллудаш 1975, сокини шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Истиқлол ба самти шаҳри Хуҷанд, дар роҳи нақлиётии "Душанбе-Хуҷанд-Чаннок" дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Хундай-Старекс", таҳти идораи ронанда, Назирзода Сомон Назир, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Мастчоҳ, донишҷӯӣ соли 1-уми "ДДҲБСТ" дар шаҳри Хуҷанд, бархӯрдааст.

ВКД аз ҳалокати марди 60-сола дар роҳ ба бемористон хабар дод

"Дар натиҷа, автомашинаи тамғаи «Хундай-Старекс» чаппа шуда, мусофири дар дохилаш буда ноболиғ, Холов Аюбҷон Абдусатторович, соли таваллудаш 2010, сокини ноҳияи Мастчоҳ, хонандаи синфи 3-юми МТМУ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0