ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Тибқи талаботи қонуни “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” дар давоми соли 2019-ум 1861 санҷиш гузаронида, хабар дод Гулмаҳмадзода зимни иншасти матбуотӣ дар Душанбе.
Дар натиҷа барои риоя накардани қонунгузорӣ 27 ҳазору 393 пешниҳоди иҷрояшон ҳатмӣ дода шуд, навиштааст нашрияи “Садои мардум” аз қавли Гулмаҳмадзода.
Манбаъ афзуд, барои риоя накардани меъёру стандартҳои экологӣ ва қонунвайронкунӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист нисбат ба 9494 шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ чораҳои маъмурӣ андешида шуданд.
“Илова бар ин, 1132 ҳолати дағалона вайрон кардани меъёрҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист ошкор ва як миллиону 387 ҳазор сомонӣ зарар муайян гардид”, - омадааст дар иттилоия.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист иттилоъ дод, ки мақсади беҳдошти муҳити зист ва таъмини амнияти экологии аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 479 маъракаи “Тозагии маҳал” гузаронида шуд, ки дар он ҳазорҳо сокини ҷумҳурӣ иштирок карданд.