Давлатзода намехоҳад донишҷӯён аз донишгоҳҳо хориҷ шаванд

© Российский центр науки и культуры в ДушанбеВступительные испытания в Таджикском национальном университете
Вступительные испытания в Таджикском национальном университете - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ректори Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрави шаҳри Бохтар Сайфиддин Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ, 31-уми январ гуфт, ки намехоҳад донишҷӯён аз донишгоҳҳо хориҷ карда шаванд

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Ректори тозатаъини Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрави шаҳри Бохтар фикрашро дар бораи хориҷ кардани донишҷӯён барои насупоридани имтиҳоноти даврӣ ва маблағи шартнома гуфт.

"Ман ҳанӯз дар вазифаи муовини вазири маориф ва илм кор карданам, ки назорати донишгоҳҳо бар уҳдаи ман буд, зидди хориҷ кардани донишҷӯён бо сабаби саривақт насупурдани маблағи шартнома ё имтиҳонҳои даврӣ будам. Зимни баррасии аризаҳое, ки ба  вазорат вобаста ба ин масъала ворид мешуданд, ба донишгоҳҳо тавсия медодем, ки ба донишҷӯён имкон бидиҳанд, то давра ба давра маблағи шартнома ва имтиҳоноти худро такроран бисупоранд".

Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Таъини 1 вазир, 2 ректор 3 раиси кумита, 6 раиси шаҳру навоҳӣ ва роҳбарони дигар

Ректор мегӯяд, хориҷ кардан аз донишгоҳ метавонад ҷавононро ба содир кардани ҷиноят дар вақти бекорӣ водор кунад. 

"Вақте донишҷӯ хориҷ мешавад, ӯ ҷавон асту бекор мемонад. Вақте бекор монд, ба ҳар гуна ҷиноят даст зааданаш имкон дорад. Аз ин хотир, бо он донишҷӯёне, ки имтиҳонҳои давриро саривақт супурда наметавонанд, бояд корбарӣ кард, то бо ҳамкурсони худ баробар шуда тавонанд. Хориҷ кардан роҳи ҳалли масъала нест", — гуфт   ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар.

Ёдовар мешавем, ки Давлатзода Сайфиддин Хайриддинтибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз 24 январи соли равон, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таъйин шудааст.

Лентаи хабарҳо
0