Боздошти ду марди қаллоб: яке маблағ ва дигаре мошинро аз худ кардааст

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкПреступник за решеткой
Преступник за решеткой - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти сокинони ноҳияҳои Мастчоҳ ва Ҳамадонӣ, ки қаблан суд шудаанд, хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Мақомот мегӯяд, сокинони ноҳияҳои Мастчоҳ ва Ҳамадонӣ, ки қаблан суд шудаанд, ин бор ба ҷурми қаллобӣ боздошт шуданд.

Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 56-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Мастчоҳ, ки пеш бо моддаи 264 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо ҷурми қаллобӣ дастгир гардидааст. 

Мақомот мегӯяд, ӯ рӯзи 1-уми майи соли 2015 бо роҳи фиреб ба боварии марди 72-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навбаҳори ҳамин ноҳия даромада, барои кишту кори хоҷагии деҳқониаш, аз ӯ 7 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

"Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷинояти бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст", -омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир шудааст.

Наручники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Зани соҳибкор - роҳбари ширкати “Нур” дар Душанбе бо гумони қаллобӣ боздошт шуд

Гуфта мешавад, ӯ моҳи октябри соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии марди 45-солаи сокини шаҳри Ҳисор даромада аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», ки арзишаш 135 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, гирифта, ба номи худаш хуҷҷатгузорӣ намудааст.

"Гумонбаршаванда санаи 11-уми декабри соли 2019 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе автомашинаи мазкурро ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ фурӯхта маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст".

Ҳамзамон гумонбаршаванда, аз номбурда моҳҳои октябр-ноябри соли 2019 маблағи 4 ҳазору 100 сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст. Дар натиҷа ба ҷабрдида ба маблағи 139 ҳазору 100 сомонӣ зарари калон расонидааст.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0