ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Бино ба иттилои Федератсияи таеквондо WTF – и шаҳри Душанбе, ӯ дар вазни 49 килограмм бо касби 4 пирӯзӣ бар ду ҳариф аз Покистон ва дуи дигар аз Қазоқистону Миср мақоми аввалро ба даст овардааст.
Мусобиқоти байнумилалии "Fujairah Open G-2" аз рӯи таеквондо ВТ дар Фуҷайраи Амороти муттаҳидаи араб дирӯз, 31 январ, оғоз шуд.
Муниса Ойматова дар “G1 Beirut Open 2019” медали тилло гирифт
Тими миллии Тоҷикистон бо 6 варзишкор, 2 мураббӣ - Исломиддин Фозилов, Шамсулло Қодиров ва 2 довари дараҷаи байнулмилалӣ - Давлатшо Мирзоев ва Вафоназар Алиназаров дар ин рақобатҳо муаррифӣ мешавад.
"Барои навҷавонони мо рӯзи аввали мусобиқот муваффақиятомез буд. Ба ҷуз Мӯниса Ойматова, дар вазни 48 кг Парвиз Мирзоев бо касби 2 пирӯзӣ бар намояндагони тими миллии Амороти муттаҳидаи араб ва Арабистони Саудӣ ба медали нуқраи ин мусобиқот даст ёфт", - хабар медиҳад Федератсияи таеквондо WTF – и шаҳри Душанбе.
Дар рақобатҳои байнумилалии "Fujairah Open G-2" 2000 нафар аз қавитарин варзишкорони тимҳои миллии 40 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд.
Бино ба иттилои Федератсияи таеквондо WTF – и шаҳри Душанбе, Мӯниса Ойматова танҳо дар соли 2019 дар вазни 49 кг 7 медалро аз мусобиқоти байнуламилалӣ барои Тоҷикистон ба армуғон овардааст: ду ҷои дуюм дар мусобиқоти Fujairah open G1 (Дубай) G-1, Chunchong Korea Open G-1 ва 5 ҷои аввал дар Kimungyong Cup, Beirut open G-1, Bukhara open, Tajikistan Open ва Kazakhistan Open. Мӯниса Ойматова соли 2003 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.