"Ҳам фарзу ҳам суннат": номаи шодбошии Файзов ба доктор Ҷангибеков

Обуна шудан
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов Гулхоҷа Ҷангибековро аз шахсиятҳои намоёни Бадахшон ва намунаи олии меҳнатдӯстиву фидокорӣ хонд

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба ифтихори 70-умин солгарди зодрӯзи олим, доктори илмҳои физика ва математика Гулхоҷа Ҷангибеков номаи шодбошӣ ирсол кард.

Дар номаи шодбошияш, раиси вилоят изҳори хушнудӣ намуда, ки яке аз шахсиятҳои намоёни Бадахшон, олими барҷаста доктори илмҳои физика ва математика Гулхоҷа Ҷангибеков ба синни мубораки 70 қадам ниҳод.

"Ман бо камоли эҳтирому самимияти беандоза ин марди номварро бо зодрӯзи муборакашон аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва шахсан аз номи худам табрику шодбош мегӯям", - навиштааст раиси вилоят.

Раиси вилоят афзуда, ки таҷлили ҷашнвораи шахсиятҳои фидокору заҳматпеша барои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ҳам фарз асту ҳам суннат аст, зеро зиндагиномаи шахсиятҳое, чун Гулхоҷа Ҷангибеков намунаи олии меҳнатдӯстиву фидокорӣ мебошад ва эшон бо кору пайкори худ барои халқу Ватан хизматҳои зиёдеро дар соҳаи илму маориф анҷом додаанд.

Директор фонда Ага-Хана в Таджикистане  Ёдгор Файзов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ёдгор Файзов ба Чоршанбе Аловатов: "мардуми Бадахшон бо шумо ифтихор доранд"

"Боиси ифтихору сарбаландӣ аст, ки таҳти роҳбарии бевосита ва кушишу заҳматҳои шабонарӯзии устоди гиромиқадр Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев ба комёбиҳои назаррас ноил гардида, ба яке аз боргоҳи калони зеҳнӣ таълимӣ табдил ёфт".

Ин аст, ки барои хизматҳои шоистааш соли 1987 бо нишони Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон ва соли 2008 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ордени “Шараф” - и дараҷаи II мукофотонида шудааст.

Илова ба ин, саҳми устод Гулхоҷа Ҷангибеков фаъолияти илмӣ педагогиаш дар тарбияи кадрҳои баландихтисос шоистаи таҳсин аст.

Файзов синни мубораки 70 - ро барои соҳибҷашн, хешу табор ва ҳамкорон муборакбод гуфта, барояшон сиҳатмандиву хонаободӣ барору комёбӣ ва дар ростои адои рисолати касбӣ музаффариятҳои беназир таманно кардааст.

Лентаи хабарҳо
0