"Сӯхт": ҳалокати шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз таркиш дар Қазоқистон бистарӣ шуд

© © Photo : Комитет по ЧС МВД РКГазовый баллон взорвался в строящемся доме в Уральске
Газовый баллон взорвался в строящемся доме в Уральске - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз таркиши баллони газӣ ҷароҳатдор ва дар беморхона бистарӣ шуда буд, бомдоди имрӯз ҳалок шуд

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Яке аз се захмиёни таркиши баллони газ дар Уралски Қазоқистон дар беморхона ҷон бохт, хабар медиҳад портали хабарии "Мой город".

"Шаҳрванди 21-сола пас аз сӯхтор дарҳол бо бадани 100 дар сад сӯхта, ба шӯъбаи эҳё бурда шуд. Муттассифона ҷароҳат вазнин буд. Бомдоди имрӯз соати 6 ӯ ҳалок шуд", - хабар доданд аз кумитаи тандурустӣ.

РИА Новости бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон хабар дод, аз се нафаре, ки дар таркиши баллони газӣ дар Уралски Қазоқистон ҷароҳатдор шуданд, танҳо ду нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Беспорядки в американском городе Балтиморе - Sputnik Тоҷикистон
Бистарӣ шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар паи таркиш ва сӯхтор дар Қазоқистон

Ёдрас мешавем, ки таркиш ва сӯхтор рӯзи 30 январ дар биное дар Уралски Қазоқистон ба амал омад. Хабар дар бораи сӯхтор соати 17:00 бо вақти маҳаллӣ ба КҲФ расидааст.

Бино бар хабари мақомот, дар паи гарм шудани баллони газ таркиш ва баъдан сӯхтор ба амал омад. Дар натиҷа девор ва сақфи сохтмон, ҳудуди 80 метри квадратӣ оташ гирифт.

Сӯхтор, соати 18:39 бо вақти маҳаллӣ аз ҷониби оташнишонон хомӯш карда шудааст.

Ду захмии дигар феълан дар бемористон, таҳти назорати пизишкон қарор доранд.

Лентаи хабарҳо
0