Раҳмати калон! сипосгузории Аҳмадзода аз Чин

© © SputnikГлава Комитета по архитектуре и строительству Джамшед Ахмадзода
Глава Комитета по архитектуре и строительству Джамшед Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аҳмадзода мегӯяд, мо бояд аз Чин сипосгузор бошем, ки барои сохтмонҳоямон якуним миллиард юан грант дод

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Ҷамшед Аҳмадзода раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон, имрӯз дар нишасти хабарӣ дар бораи Нақшаи генералӣ, созишномаи миёни Тоҷикистону Чин ва сохтмони бинои парлумон дар Душанбе гуфт.

Ба гуфти Аҳмадзода 1,5 миллиард гранте, ки Чин ба Тоҷикистон додааст, дар ҷаҳон беназир аст, вале ягон кишвар бе фоида маблағро "ҳамту гирифта намедиҳад".

"Тибқи созишномаи грантӣ, ки миёни Тоҷикистону Чин имзо шуд, Чин ба мо 1,5 миллиард юан ҷудо кард. Мо лоиҳаи сохтмони бинои парлумонро бо ангораҳои миллӣ тарҳрезӣ кардем ва бо меёрҳои шаҳрсозии худ мутобиқ гардонидем. Фақат мутобиқи созишнома, пудратчиро худи Чин интихоб мекунад", - гуфт Аҳмадзода.

Ба гуфти Аҳмадзода, сифати кор аз ҷониби Дирексияи сохтмонӣ аз тарафи Тоҷикистон санҷида хоҳад шуд. Ӯ аз саходастии Чин тавсиф карда гуфт, ки чунин маблағи ҳангуфтро Чин танҳо ба Тоҷикистон додааст.

"Мо раҳматамон гуфтан даркор, ки Чин чунин маблағ ҷудо кардааст. Вале, ягон кишвар бе фоида маблағ намедиҳед", - гуфт Ҷамшед Аҳмадзода раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ.

Лентаи хабарҳо
0