Поафзорро аз вазири пешӣ пурсед: Вазири нави маориф гуфт, иншоаллоҳ, савдоро поён мебахшад

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанМинистр образования и науки Таджикистана Имомзода Мухаммадюсуф Сайдали
Министр образования и науки Таджикистана Имомзода Мухаммадюсуф Сайдали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири нави маориф ва илми Тоҷикистон, азмаш барои хотима бахшидан ба ҳолатҳои харидуфурӯш дар макотиб ва тамаркузи таваҷҷуҳаш ба таълимро баён дошт

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Имомзода дар нахустин нишасти матбуотияш ба ҳайси вазири маориф ва илм ба суол дар мавриди ташкили корхона барои таъмини мактабхонҳо бо пойафзор гуфт, муаллим асту суолҳо ҳам дар бораи ин касабааш бошанд.

Нуриддин Саид, министр образования и науки Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Фабрика месозем: вазир овозаҳо дар бораи попӯши ягонаи талабаҳоро шарҳ дод

“Ман устод ҳастам, ман муаллимам ва ба ман суол дар бораи касбияти худам диҳед. Дар масъалаи пойафзор Вазорати саноат ва дигар сохторҳо ҳастанд, ки аз онҳо пурсед”, - гуфт Имомзода.

Ба хабарнигороне, ки гуфтанд ин масъаларо Нуриддин Саид, вазири маорифи пешин баррасӣ карда буд, Имомзода посух дод, “вазири пешӣ баррасӣ карда бошад, рафта аз ӯ пурсед. Хоҳиш!”.

Ба суол, ки оё вазири нав ба бархе ҳолатҳои харидуфурӯше, ки дар макотиб ҷой доранд, хотима хоҳад дод, Имомзода гуфт, иншоаллоҳ.

Ин дар ҳолест, ки Нуриддин Саид, вазири маорифи пешини Тоҷикистон, дар нишасти қаблӣ гуфт, ният доранд дар назди коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон фабрикаи истеҳсоли пойафзори бачагонаро таъсис диҳанд. Ӯ афзуд, ки барои роҳандозии ин иқдом ҳамкорон аз Ҳиндустон ҷалб шудаанд.

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов - Sputnik Тоҷикистон
Истеҳсоли либоси мактабӣ дар Хоруғ: Файзов гуфт нарх бояд дастрас бошад

Вазири вақти маориф тавзеҳ дод, ки дар кишвар ба ғайр аз донишҷӯён ду миллион хонанда мавҷуд мебошад.

“Тасаввур кунед, ду миллион хонанда ба ғайр аз студентҳо дорем. Агар мавсимӣ як хонанда се ҷуфт пойафзор пӯшад, солона шаш миллион ҷуфт ва шояд аз ин бештар шавад”, - ҳисоб кард Нуриддин Саид.

Ӯ афзуд, ки дар гӯшаю канори мамлакат марҳила ба марҳила истеҳсоли пойафзори бачагона роҳандозӣ мешавад ва соҳибкорони ватанӣ низ ба ин раванд ҷалб мегарданд.  

“Гумон мекунам, ин қарор дуруст аст. Майда- майда истеҳсоли пойафзорро сар мекунем, фурӯш озод мешавад”, - таъкид намуд вазири вақти маориф ва дар идома изҳор дошт, ки попӯши ягона ҳатмӣ нахоҳад шуд.

Ӯ ин иқдомро ҳам барои иқтисодиёти мамлакату истеҳсолоти ватанӣ муфид хонда, шарҳ дод, ки бояд дар доираи чорабиниҳои воридотивазкунанда ин кор анҷом дода шавад.

Лентаи хабарҳо
0