Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба саволҳои рӯзноманигорон ҷавоб медиҳад

© Sputnik / Амир ИсаевГенеральная прокуратура РТ, архивное фото
Генеральная прокуратура РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи Олии тоҷикистон аз фаъолияти яксолаи худ, дар назди рӯзноманигорони ватанӣ ва хориҷӣ гузориш медиҳад

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Рӯзи 3 феврал оид ба ҷамъбасти соли 2019 Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ мегузаронанд.

Шермухаммад Шохиён - Sputnik Тоҷикистон
Аризаи Раҳмон: Додгоҳи олӣ “Паймони миллии Тоҷикистон”-ро террористӣ эълон кард

Ҳамчунин, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти, Ожонсии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиксуғурта" низ аз фаъолияти яксолаи худ гузориш медиҳанд.

Агентии "Тоҷикстандарт" соати 09:00 дар маҷлисгоҳи Агентии "Тоҷикстандарт" нишасти матбуотӣ доир менамояд.

Нишасти матбуотии КВД "Тоҷиксуғурта" соати 11:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ "Ховар" баргузор мешавад.

Маркази миллии қонунгузорӣ соати 14:00 дар маркази мазкур нишасташонро баргузор менамояд.

Нишасти матбуотии Суди Олӣ соати 15:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0