Рустами Эмомалӣ бо сафири Олмон дар Тоҷикистон мулоқот кард

© Пресс-служба мэра ДушанбеМэр города Душанбе Рустам Эмомали
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷонибҳо сатҳи кунунии ҳамкориҳои мавҷударо ҳамаҷониба таҳлил намуда, самту уфуқҳои нави ҳамкориҳои мутақобилан судманди барои ҳар ду тараф муфидро муайян намуданд

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори  Олмон дар  Тоҷикистон Андреас Протманн мулоқот кард, гузориш медиҳад дафтари матбуоти раиси шаҳр.

Бино бар иттилои манбаъ, дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Душанбе бо  Олмон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

"Ҷонибҳо сатҳи кунунии ҳамкориҳои мавҷударо ҳамаҷониба таҳлил намуда, самту уфуқҳои нави ҳамкориҳои мутақобилан судманди барои ҳар ду тараф муфидро муайян намуданд. Дар ҷараёни мулоқот атрофи мавзӯоти марбут ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳанг ва варзиш   мубодилаи судманди афкор сурат гирифт", - менависад манбаъ.
Флаг Германии на здании Рейхстага в Берлине, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Олмон 4 миллион евра ба Тоҷикистон ихтисос медиҳад

Иштирокчиёни вохӯрӣ ба роҳҳои таҳкиму густариши робитаҳои дуҷониба дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои бародаршаҳрии байни шаҳрҳои Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ройтлингени Чумҳурии Федеративии Олмон диққати ҷиддӣ доданд.

Олмон барои рушди деҳот ва сохтмони НБО-и "Себзор" 27 миллион евро ҷудо мекунад

Дар доираи татбиқи амалии ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии мамлакат ҷонибҳо ба тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба, бахусус таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ манфиатдории худро таъкид намуданд.

Дар рафти музокирот, ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи назари тарафайн баррасӣ гардид.

Мулоқот ба таври созанда ва дар фазои ҳусни тафоҳум  сурат гирифт.

Лентаи хабарҳо
0