Дафтари Омбудсмен дар бораи вазъи кӯдаконе, ки аз Ироқ оварда шудаанд

© Sputnik / Амир ИсаевВ Душанбе встретили спецрейс из Багдада, на борту которого находились 64 ребенка
В Душанбе встретили спецрейс из Багдада, на борту которого находились 64 ребенка - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дафтари ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон вазъи будубоши кӯдаконеро, ки аз Ироқ баргардонда шуданд, хуб арзёбӣ карда, таъкид намудааст, ки онҳо имкони мулоқот бо наздиконашонро доранд

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Вазъи будубоши он кӯдаконе, ки аз мамлакатҳои ҷангзада, махсусан Ироқ ба Тоҷикистон интиқол дода шуданд, хуб буда, бо омӯзгорон ва равоншиносон таъмин мебошанд, изҳор дошт Аҳад Содиқов, сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон. Ба гуфтаи Содиқов кӯдакони мазкур, зери назорати пайвастаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак қарор доранд.

Эмомали Рахмон подписывает документы на заседание глав государств СНГ в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Ҷойивазкунии вакилу раис: мудири нави Маркази исломшиносии назди Президент кист?

“Ҳатто муроҷиат оид  ба мулоқоти кӯдакон бо хешовандонашон ворид шуд ва онҳо бо бобою бибияшон дидор намуда тавонистанд”, - хабар дод “Ховар” аз қавли Содиқов.  

Манбаъ афзуд, Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақомоти давлатӣ, шарикони байналмилалӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигарон идома дода шуд.

 Ба иттилои Бобозода соли 2019 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 3249 адад муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 587 ададаш хаттӣ ва 2662 адади дигараш муроҷиати шифоҳӣ мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0