Амалиёти корд дар Душанбе: боз 12 нафар дастгир шуданд

© МВД города ДушанбеРезультаты операции "Нож" в Душанбе
Результаты операции Нож в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар давоми як ҳафтаи охир кормандони милитсияи пойтахт дар доираи роҳандозӣ намуданаи амалиёти мазкур дар марҳилаи навбатӣ 12-нафарро боздошт намуданд

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Дар натиҷаи баргузории амалиёти шартӣ бо номи "Корд", ки бо ташаббуси Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди пойтахт дар якчанд марҳила роҳандозӣ карда шуд, воқеан пеши роҳи содиршавии ҷиноятҳо бо истифода аз силоҳи сард, махсусан бо истифода аз корд гирифта шуд, гузориш медиҳд ВКД Тоҷикистон.

Аммо, мутаассифона ҳанӯз ҳам ин зуҳурот, яъне бо худ гирифта гаштани силоҳи сард, аз ҷумла корд пурра аз байн нарафтааст. Чуноне дар натиҷаи баргузории амалиёти мазкур давоми як ҳафтаи охир мушоҳида гардид, ҳанӯз ҳам ҷавонону ноболиғоне ҳастанд, ки дар бари худ корд мегардонанд, меафзояд манбаъ.

"Дар давоми як ҳафтаи охир кормандони милитсияи пойтахт дар доираи роҳандозӣ намуданаи амалиёти мазкур дар марҳилаи навбатӣ 12-нафарро боздошт намуданд, ки бо худ силоҳи сард мегардониданд. Дар рафти баргузории марҳилаи навбатии амалиёт аз 12-нафар шаҳрвандон 12-адад корд дарёфту мусодира карда шуданд", - омадааст дар гузориш.
Нож в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Куштор: сокини Исфара марди 37-соларо дар ҳавлияш корд зад

Ҳамин тавр, дар пайи амалиёт сокинони Душанбе, аз ҷумла Сафаров Фаррухи 21-сола, Сӯроби Баӯҳоми 22-сола, Нуриддин Маҳмадалии 17-сола, Раҷабов Шоҳруди 11-сола, Раҳматов Абдулазизи 40-сол ва сокинони шаҳри Хоруғ, ноҳияи Рӯдакӣ дастгир шудаанд.

Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати он нафароне, ки дар рафти амалиёт боздошт ва аз онҳо чунин силоҳҳо дарёфту мусодира карда шуд, чораҳои гуногуни таъсиррасонии қонунӣ, аз ҷумла ҳабси маъмурӣ, нисбати волидайни ноболиғон протоколи маъмурӣ бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбати дигарон ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ карда шуданд.

Лентаи хабарҳо
0