ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Ҳакимзода Қурбон, сардори Сараёсати агентии омори вилояти Хатлон дар соли 2019 қаламрави вилояти Хатлон 57 корхонаҳои хурду бузарги саноатӣ бунёд гардидааст, иттилоъ додааст сомонаи рӯзномаи “Фараж”.
Ҳамзамон ба гуфтаи Ҳакимзода Қурбон, дар ин давра дар вилоят 39 корхона аз фаъолият бозмонда, 71 корхонаи дигар тамоман фаъолият накарданд.
Вай дар нишасти матбуотӣ афзудааст, ки омили асосӣ аз фаъолият бозмондани корхонаҳо дар вилояти Хатлон муфлисшавӣ, набудани ашёи хом ва фарсудагии таҷҳизот мебошад.
“Корхонаҳои аз фаъолият бозмонда “Нуриҳои Осиё” дар шаҳри Леваканд, корхонаи “Умед”-и шаҳри Бохтар, “Хишти Беҳзод”, “Орди рушди Хатлон” ва дигар корхонаҳо мебошанд”, — таъкид дошт Сараёсати агентии омори вилояти Хатлон.
Бояд қайд кард, ки дар соли 2018 дар қаламрави Тоҷикистон 128 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмонда буд. Масъулини вазорати саноат таъкид доштанд, шумораи корхонаҳои соли гузашта аз фаъолият бозмонда дар қиёс ба соли 2017 (180 корхона) коҳиш ёфтааст, вале дар муқоиса бо ҳолати саноатии кишвар аз кор мондани 128 корхонаю коргоҳ низ кам нест ва ба рушди иқтисоди миллӣ таъсири амиқе хоҳад гузошт.