Зеленский Иттиҳоди Шӯравиро дар Ҷанги дувуми ҷаҳон муттаҳам кард

© AP / Efrem LukatskyПрезидент Украины Владимир Зеленский
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский ҳокимони вақти Иттиҳоди Шӯравиро дар сар задани Ҷанги дувуми ҷаҳон гунаҳкор хондааст

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Президенти Украина Владимир Зеленский ҳангоми сафар ба Полша Иттиҳоди Шӯравиро дар Ҷанги дувуми ҷаҳон муттаҳам кардааст.

"Полша ва мардуми он яке аз аввалинҳо шуда, дасисаи режимҳои тоталитариро ҳис карданд. Ин боиси сар задани Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ шуд ва ба миллатгароён имкон дод, ки гардонаи маргбори Холокостро роҳнадозӣ кунанд", - гуфтааст дар рафти нишасти матбуоти президент.
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон
Талаби Зеленский аз Эрон: пардохти ҷуброн ва тафтишоти бетаъхир

Дар ҳамин ҳол, Зеленский афзудааст, ки ҷаҳон набояд мисли соҳои 1936 дар ин бора хомӯширо пеша кунад.

Бояд қайд кард, ки Зеленский ҳангоми дар бораи озод кардани урдугоҳи маргбори "Аушвитс" аз ҷониби армияи советӣ, бе зикри номи худи иттиҳод, танҳо гуфтааст, ки дар ин амалиёт украинҳо ҳам иштирок карданд.

Ин қазияро аллакай дар Шӯрои Федератсияи Русия тавзеҳ додаанд. Тавре вакили федератсия Олег Морозов гуфтааст, танҳо нафаре метавонад Иттиҳоди Шӯравиро дар Ҷанги дувуми ҷаҳон муттаҳам кунад, ки ё "аблаҳи сиёсӣ бошад, ё сохтакори таърих".

"Аҷиб аст, ки ин суханҳоро Зеленский мегӯяд, зеро бобояш дар Артиши Сурх хизмат кардааст. Ман ҳам падарамро дар сар задани Ҷанги дувуми ҷаҳон гунаҳкор карда наметавонам. Бигзор масъулияти ҷангро бобои Зеленский якҷо бо Гитлер тақсим кунанд", - гуфтааст намояндаи парлумон.

Сарони кишварҳои ИДМ ба солгарди оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ баёнияи муштарак судур мекунанд

Ёдрас мешавем, чандест, ки Полша кӯшиш дорад ба тамоми ҷаҳон исбот кунад, ки дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ маҳз Русия муттаҳам аст. Кор то ҷое расидааст, ки раиси ҳизби ҳокими кишвар Ярослав Качинский аз Русия талаб кардааст, то товони талафоти  Полшаро дар ҷанг, пардохт кунад.

Дипломатҳои рус дар посух ба ин изҳороти Полша аз марги 600 ҳазор низомиёни советӣ ёдрас шудаанд, ки ҳангоми озод кардани Полша кушта шуданд.

Лентаи хабарҳо
0