ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Масъулини Раёсати фарҳанг дар вилояти Суғд аз таҳияи низомномаи нави Шӯрои бадеӣ хабар доданд, ки бар асоси он мазмун ва мундариҷаи суруду намоҳанги сарояндаҳоро зери назорати ҷиддӣ қарор дода мешавад.
Бахтиёр Қосимов, сардори Раёсати фарҳанг дар Суғд дар зимни нишасти матбуотӣ гуфт, минбаъд мазмун ва муҳтавои оҳанг ва клипи овозхонҳо пеш аз пахш аз тариқи телевизион ва радио, аз назари масъулони Шӯрои бадеӣ санҷида мешавад.
Дар ҳолати мутобиқ намубадан ба талабот ба нашри чунин клипҳо аслан иҷоза дода намешавад.
“Баъзеҳо инро сензура мепиндоранд, не ин маданият аст. Дар ҳамаи мамлакатҳои пешрафта ин чиз ҳаст. Ҳоло Телевизиони вилояти Суғд ба шабакаи моҳвораи пайваст шуд ва онро дар саросари ҷаҳон тамошо мекунанд. Ин фарҳангу маданияти мо аст ва бояд инро овозхонҳо ҳам дарк кунанд”,- гуфт Қосимов.
Сардори Раёсати фарҳанг гуфт, баъди солҳои 90-ум нақши чунин шурои бадеӣ камранг шуд ва аз ин фурсат ҳар кас ба таври худ истифода кард ва ҳар чи хост хонду сапт кард ва онро нашр намуд.
Зайнура Азимӣ, муовини раиси вилояти Суғд ҳам чанде пеш дар зимни баргузории як ҷаласа аз паст будани сатҳу сифати суруду оҳанги овозхонҳо иброз намуд.
“Аз матни суруди шумо аз оҳанги шумо бояд тамошобин маънӣ бигирад. Матни сурудҳо бисёр хароб вақте, ки гуш мекунед, ягон калимаи дурустро пайдо намекунед. Бисёриҳо намедонам он шеърҳои сабукро аз куҷо гирифта оҳанг мебанданд. Ин қадар мо шоирони беҳтарин дорем, ки шеърҳои хуб доранд, вале боз сарояндаҳо ба шеърҳои каммазмун ру меоранд”, - гуфт Азимӣ.
Бахтиёр Қисимов, гуфт низомномаи нави Шӯрои бадеӣ алакай омода шуда, барои тасдиқ пешниҳод шудааст. Дар ҳолати тасдиқ шудан нусхаи он ба тамоми масъулини шуъбаҳои фарҳанг дар шаҳру навоҳии Суғд дастрас карда мешавад.
Шӯрои бадеӣ аз чаҳор бахш аз ҳисобу шоирону нависандагон ва рассомону ҳайкалтарошон иборат буда, минбаъд мазмуни ва моҳияти суруди ҳар як сарояндаро пеш аз пахш шудан аз тариқи телевизион месанҷанд.