Ба наздикӣ: “Абу Довуд” ва “Абу Усома Норакӣ” ба Тоҷикистон истирдод мешаванд

© Sputnik / Дмитрий Виноградов / Гузариш ба медиабонкБоевики ИГИЛ в плену у сирийских спецслужб
Боевики ИГИЛ в плену у сирийских спецслужб - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон, ки дар зиндонҳои Сурия қарор доранд, ҳатман истирдод ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Ин нукта дар нишасти матбуотии Прокуратураи генералии Тоҷикистон, ки имрӯз, 28 январ, баргузор шуд, зикр гардид.

Пострадавший от удара стихии лагерь беженцев Абу-Мазен в поселении Барэльяс в долине Бекаа - Sputnik Тоҷикистон
Бояд шаҳид мешудам: нақли навраси тоҷик аз урдугоҳи Сурия

Музаффар Юсуфӣ, сардори раёсати Прокуратураи генералӣ, ҳамзамон раҳбари Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз пайвастани шаҳрвандон ба созмонҳои террористӣ, бавижа “ДОИШ”, гуфт, Парвиз Саидраҳмонов, мулаққаб ба “Абу Довуд”, ки дар яке аз маҳбасҳои Сурия қарор дорад, рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон истирдод хоҳад шуд.

“Барои ба Тоҷикистон истирдод намудани ӯ як қисми корҳои тадорукотӣ ба анҷом расонида шудааст. Мо умедворем, ки ин масъала ҳалли худро меёбад ва рӯзҳои наздик мо ӯро ба Тоҷикистон меорем” – гуфт ӯ.

Музаффар Юсуфӣ афзуд, ба ҷуз Парвиз Саидраҳмонов боз дигар раҳбарони гуруҳи террористии “ДОИШ”, ки ба ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон машғул буданд, низ дар маҳбасҳои Сурия қарор доранд ва муяссар шудааст шахсияти онҳо, аз ҷумла Тоҷиддин Назаров, мулаққаб ба “Абу Усомаи Норакӣ” низ муайян шавад.

Дар идомаи ин сӯҳбат Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон, гуфт, онҳое, ки дастгир шудаанд, ҳатман ба Тоҷикистон истирдод ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0