Садамаҳои маргбор дар роҳҳои Душанбе ва Исфара

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкАвтомобили на проезжей части, архивное фото
Автомобили на проезжей части, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаҳои нақлиётӣ хабар медиҳад, ки дар паи онҳо хонандаи синфи 8 ва як марди солхӯрда ба ҳалокат расиданд

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ҳодисаҳои нақлиётӣ рӯзи 26-уми январи соли 2020 ба вуқӯъ пайвастааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи "Хундай-Старекс", Алимов Маҳмадӣ Тавакалович, соли таваллудаш 1998, сокини кӯчаи А.Қаҳҳорови шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Гипрозем ба самти кӯчаи Борбад аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Мирзомуродова Нарзия, соли таваллудаш 1954, сокини кӯчаи Гипроземи пойтахтро пахш намудааст. 

"Дар натиҷа, пиёдагард Мирзомуродова Н. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома. 

Ҳамчунин, ҳодисаи дигари нақлиётӣ рӯзи 26-уми январи соли 2020, тахминан соати 16:00 рух додааст.

Дорожный знак - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи маргбори нақлиётӣ дар роҳи Душанбе - Турсунзода

Ҳалокати муҳоҷирони тоҷик дар пайи садамаи маргбор дар Қазоқистон

Гуфта мешавад, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Нурматов Сулаймон Ҳикматович, соли таваллудаш 1997, сокини ҷамоати деҳоти Навгилеми ноҳияи Исфара, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи наклиётгарди «Кучкак-Исфара-Гулистон», дар ҳудуди деҳоти Кулканд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Шодиев Мақсудҷон Маъруфович, соли таваллудаш 2005, хонандаи синфи 8-уми МТМУ, сокини ҷамоати деҳоти Кулканди ҳамин ноҳияро пахш намудааст.

Ҳалокати ҷавонзани 30-сола дар як садамаи маргбор

Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ Шодиев М.М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0