ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, декани факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба вазифаи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъин шуд, иттилоъ дод ба Sputnik Тоҷикистон як манбаъ аз Донишгоҳи миллӣ.
Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, 5-уми июни соли 1982 дар ноҳияи Данғара, вилояти Хатлон дар оилаи муаллим таваллуд шудааст.
Таҳсилоти ибтидоиро соли 1989 дар мактаби таҳсилоти умумии №2 ноҳияи Данғара оғоз намуда соли 1999 бо муваффақият хатм намудааст.
Соли 1999 баъд аз хатми мактаби таҳсилоти умумӣ ба факултети баҳисобгирию иқтисодии ДДМТ (ҳоло ДМТ) дохил шуда, соли 2004 аз рӯи ихтисоси “баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит” бо дипломи “аъло” хатм намудааст.
Ӯ дар вазифаҳои ассистенти кафедраи “Таҳлили иқтисодӣ ва аудит”-и факултети баҳисобгирию иқтисодии ДМТ (2004-2011), муовини декан оид ба илм ва тарбияи ДМТ (2005-2009), муовини декан оид ба таълим дар шӯъбаи рӯзонаи ДМТ (2009-2013), и.в. мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити ДМТ (2011-2012), мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити ДМТ (2013-2017), мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДМТ (2018-2019) кор кардааст.
Аз моҳи феврали соли 2019 ба сифати декани факултети молиявию иқтисодии ДМТ фаъолият мекард.
Ӯ барои хизматҳои шоиста ва тайёр намудани кадрҳои болаёқат солҳои 2003, 2006, 2010, 2014, 2018, 2019 Ифтихорномаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба даст овард. Ҳамчунин, соли 2012 сазовори ҷоизаи ба номи И. Сомони барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (бахши иқтисодӣ) гашт. Вай дар соли 2012 Аълочии маорифи Тоҷикистон дониста шуд ва соли 2014 диплом ва ҷоизаи Академияи илмҳои Тоҷикистон барои олимони ҷавон сарфароз гашт.
Муаллифи зиёда аз 170 маводҳои чопӣ аст. Мавзӯи асосии таҳқиқот ва пажуҳишҳои илмии ӯро масъалаҳои вобаста асосҳои назариявӣ-методологии маҳсулотҳои кишоварзӣ ҳамчун объектӣ низомӣ баҳисобгирӣ-таҳлилӣ, ташаккулёбӣ ва ташкили низоми баҳисобгирии таъминнамоии истеҳсолоти маҳсулоти рақобатпазир, таҳлили иқтисодӣ-омории рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ, баҳисобгирӣ ва таҳлили идоракунии соҳаи кишоварзӣ, баҳодиҳӣ ва таҳлилӣ таъсир ба рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ ва омилҳои ташкилӣ-истеҳсолӣ ба он таъсиррасон дар шароити иқтсодиёти муосир ва ғайра ташкил медиҳад.