Ректори нави ДМТ кист? Доктори илми 37-сола ва зикраш дар Диссернет

© © Национальный университет ТаджикистанаНовый ректор Национального университета таджикистана Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт
Новый ректор Национального университета таджикистана  Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахти 36-сола, ки имрӯз бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон ректори калонтарин муассисаи таълимии олии кишвар - Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъин шуд, унвони доктори илмҳои иқтисодиро доро мебошад

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Бар асоси ҳолномаи Қобилҷон Хушвахтзода, ӯ 5-уми июни соли 1982 дар ноҳияи Данғара, дар оилаи муаллим таваллуд шуда, мактаби таҳсилоти умумии №2-и зодгоҳашро соли  1999 хатм кардааст.

Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Таъини 1 вазир, 2 ректор 3 раиси кумита, 6 раиси шаҳру навоҳӣ ва роҳбарони дигар

Ӯ баъди хатми факултаи баҳисобгирию иқтисодии ДДМТ бо дипломи аъло дар соли 2004, дар мақоми ассистенти кафедраи “Таҳлили иқтисодӣ ва аудит”-и факултети баҳисобгирию иқтисодии ДМТ (2004-2011), мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити ДМТ (2011-2012) ва мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити ДМТ (2013-2017), мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДМТ (2018-2019) кор кардааст.

Тайи камтар аз як соли охир - аз моҳи феврали соли 2019 ба ҳайси декани факултаи молиявию иқтисодии ДМТ фаъолият дошта, имрӯз 27 январ бо қарори Ҳукумат аст, ректори ДМТ таъин шуд.

Дар бораи унвонҳои илмии Хушвахтзода, ки гуфта мешавад, доктори илмҳои иқтисодӣ мебошад, дар ҳолнома дар сомонаи ДМТ чизе зикр нашудааст. Қаблан “Диссернет”, пойгоҳе, ки ба ифшои асардуздиҳо машғул аст, аз Қобилҷон Хушвахтзода низ зикр карда буд. Ба иддаои масъулини Диссернет, ки Хушвахтзода дар рисолаи номзадияш, ки соли 2010-ум ҳимоя кардааст, ҳудуди 94 саҳифаро қисман аз рисолаи дигаре, ки соли 2000-ум ҳимоя шудааст, рӯбардор кардааст.

Министр сельского хозяйства Иззатулло Саттори, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Барканории Иззатулло Сатторӣ: таъйини ректори дигар ба мақоми вазирӣ- акс

Рисолаи номзадии Хушвахтзода таҳти унвони “Конкурентоспособность дехканских (фермерских) хозяйств в условиях многоукладной экономики: на материалах Республики Таджикистан”, ба иддаои масъулини “Диссернет” аз рисолаи Головин Алексей Анатольевич таҳти унвони “Конкурентоспособность фермерских хозяйств в переходной рыночной экономике: На материалах Курской области” кӯчонда шудааст.

Хушвахтзода то ҳол ин иддаоро шарҳ надодааст. Пойгоҳи интернетии "Диссернет", ки фаъолияташро алайҳи асардуздӣ роҳандозӣ кардааст, ахиран ҳудуди 50 олими тоҷикро дар асардуздӣ муттаҳам намуда буд. Ба иттилои "Диссернет" аксари ин олимон, ки миёнашон чеҳраҳои шинохтаи ҷомеаи Тоҷикистон зиёд мебошанд, қисми зиёди корҳои илмияшонро бе ишораи манбаъ аз ҳамкорони дигар дуздидаанд.

Сим-карта, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти алоқа боварӣ дорад, бақайдгирии симкортҳо то 15 феврал ба анҷом мерасад

Худи олимон ин иттиҳомро шарҳ надоданд, аммо Худойбердӣ Холиқназар, раиси пешини Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон фаъолияти пойгоҳи "Диссернет"-ро ғаразомез хонда, афзуд аз ҷиҳати дигар масъулиятшиносиро бештар кард. Ба гуфтаи ӯ баъди сарусадое, ки Диссернет баланд кард, Шӯроҳои илмии Тоҷикистон таваҷҷуҳашонро ба корҳои илмӣ ҷиддитар карданд.

Худойбердӣ Холиқназар муътақид аст, ба истиллоҳ дуздиҳо дар ҳадде, ки "Диссернет" зикр мекунад, ғайриимкон аст ва мисол овард, ки ҳатто маводи илмӣ барои маҷаллаи МТС аз барномаҳои Хадамоти зиддиинҳисорӣ гузаронда мешаванд ва ба гуфтаи ӯ, маводи худӣ бояд дар мақолаҳо ҳадди ақал 70 дарсад бошад, чун дар акси ҳол қобили қабул нахоҳад буд.

Лентаи хабарҳо
0