Портфели - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Муовини аввали Озода Раҳмон: подполковник Аҳтам Абдуллозода кист?

© © Sputnik / Амир ИсаевПредседатель Комитета по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан Ахтам Абдуллозода
Председатель Комитета по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан Ахтам Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон бо судури фармон, 24 январ, Аҳтам Абдуллозодаро муовини аввали Дастгоҳи Президент таъин кард

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Аҳтам Абдуллозода, ки аз 12 июни соли 2014 инҷониб раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон буд, 24 январи соли 2020 муовини аввали Дастгоҳи Иҷроияи Президент таъин гардид. Ӯ қаблан ҳам дар Дастгоҳи иҷроияи Президент кор карда буд.

Аҳтам Абдуллозода кист?

Аҳтам Абдуллозода 31 октябри соли 1980 дар деҳаи Андароби шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Озода Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Президент муовини аввали Озода Раҳмонро таъин кард

Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, оиладор соҳиби се фарзанд аст.

Аҳтам Абдуллозода соли 2002 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуда, соҳиби ихтисоси ҳуқуқшиноси байналхалқӣ мебошад.

Солҳои 2002-2007 дар вазифаҳои мушовири ҳуқуқии Маркази истеҳсолию тиҷоратии «Иқлим» ва машваратчии ҳуқуқии ҶДММ «Юнитекс» фаъолият намудаст.

Соли 2007 дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои мутахассиси пешбар, сармутахассис, мудири бахш, муовини мудири Шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ ва аз моҳи январи соли 2014 сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июни соли 2014 ба вазифаи раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз 21 июни соли 2017 бо  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Рутбаи ҳарбии подполковник дошта, бо медалҳои ҷашнии «80-солагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа», «85-солагии Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «85-солагии милитсияи Тоҷикистон», «15-солагии Гвардияи миллии Тоҷикистон» ва “20 солагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 25 солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 90 солагии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-солагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Соли 2016, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуд.

Ӯ ҳамчунин Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви  Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад.

Лентаи хабарҳо
0