Ба фикри ягона наомадаем: Раззоқов дар бораи табодули замин миёни Тоҷикистону Қирғизистон

© © Пресс-служба правительства / Сабыр АильчиеЖениш Разаков
Жениш Разаков - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гурӯҳҳои топографии ду кишвар бояд то 1 марти соли равон дар масъалаи табодули замин қарори ниҳоӣ бароранд

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Сарвазири Қирғизистон Жениш Раззоқов ба хабарнигори Sputnik Қирғизистон дар бораи гуфтушунид оиди минтақаҳои табодулии миёни ду кишвар гуфт.

Ба гуфти ӯ, феълан гуфтушунидҳо барои тубодули ду минтақа - Аркаста (наздикии ҷамоати Кок Тош) ва минтақае дар наздикии деҳаи Самарқандак, ки шартан чунин ном дорад, идома дорад.

Раҳмон ва Жээнбеков масъалаи марзиро баррасӣ карданд

"Гуфтушуниди дуҷониба буд. Ҳарду ҷониб дарк мекунанд, ки бояд табодули замин сурат гирад, вале дар ҷузъиёт ҳоло ба як фикр наомадаанд", - қайд кард Раззоқов.

Пас аз таниш дар марз, авоили моҳи январ сарвазирони ду кишвар протоколеро имзо карданд, ки аломатгузории марзи ду кишвар ва табодули заминҳоро дар назар дорад.

Ба гурӯҳҳои кории топографӣ фармон дода шудааст, то 1 марти соли 2020 вариантҳои гуногуни табодули баробари заминҳоро  миёни ноҳияи Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ва Исфараи Тоҷикистонро муайян кунанд.

Лентаи хабарҳо
0