Ба хотири таҷлил аз ҷашни Сада, имрӯз дар намоиши идона ҳама гуна олоти кории кишоварзӣ, хони пурнозу неъмат, ҳунарҳои мардумӣ ва аз ҳисоби хоҷагиҳои ниҳолпарвару тухмипарвар намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан, гулу буттаҳои ҳамешасабзи ороишӣ ва тухмиҳо ба маъраз гузошта шуд.
Таҷлили Сада 50 шабу 50 рӯз пеш аз Наврӯз
Сада яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик буда, рӯзи даҳуми моҳи ёздаҳуми солшумории шамсӣ-Баҳман барпо мешуд.
Азбаски аз даҳуми Баҳман то ҷашни Наврӯз панҷоҳ шабонарӯз аст, ин рӯзро Сада ном ниҳоданд.
Эҳё кардем: Раҳмон аз мухолифати мутаассибону ҷашни Сада бахшида ба кашфи оташ гуфт
Калимаи Сада аз забони мардуми ориёӣ гирифта шуда, маънои оташро ифода менамояд. Оташ на танҳо гармӣ мебахшад, балки рамзи рӯшноӣ, яъне пирӯзӣ бар торикист.
Sputnik Тоҷикистон беҳтарин аксҳоро аз таҷлили ҷашни Сада гирд овардааст.