Рӯзи 25 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 2016 дар Амстердам Маркази Аврупо оид ба мубориза бо терроризм ифтитоҳ гардид.
Соли 1924 дар шаҳри Шамони Франсия маросими кушодашавии аввалин Бозиҳои олимпии зимистона баргузор гардид.
Соли 1908 дар Боку аввалин маротиба намоиши операи "Лайлӣ ва Маҷнун" барпо гардид.
Соли 1949 аввалин маротиба маросими ҷоизасупории телевизиони амрикоии "Эмми" гузаронида шуд.
Рӯзи 25 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2011 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи таъсиси Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" Фармон ба имзо расониданд.
Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон аз ҳодисаи мудҳиши террористӣ, ки бегоҳии 24 январ дар фурудгоҳи Домодедоваи шаҳри Москва рух дод, андӯҳгин гардида, аз дақиқаҳои аввал ҷараёни расондани кумакҳо ба шаҳрвандони осебдидаи Тоҷикистонро зери назорати пайваста қарор доданд.
Соли 2001 Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Соли 2010 бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири вақти корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ барои иштирок дар кори Саммити минтақавии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба шаҳри Истанбули Туркия сафар кард.
Соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев як гурӯҳ фаъолони марказҳои фарҳангӣ, аз ҷумла, 2 нафар тоҷиконро "барои саҳмгузорӣ дар таҳкими дӯстии байналмилалӣ ва ризоият дар ҷумҳурӣ"бо ордену медалҳо сарфароз гардонид.
Ҷашнҳои рӯзи 25 январ
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Рӯзи 25 январ кӣ ба дунё омадааст
Соли 1944 – доктори илмҳои физика- математика Субҳон Ибодов.
Соли 1966 – иқтисодчӣ Фаррух Ҳамралиев