ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Варзишгарони Узбакистон аз имтиёзи нав бархӯрдор шуданд.
Акнун он варзишгароне, ки давоми се сол унвони қаҳрамонро касб мекунанд ва дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда сазовори ҷойҳои намоён мешаванд, бидуни супоридани имтиҳон донишҷӯи донишгоҳҳои олии ин кишвар мешаванд.
Ин имтиёзро раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирззиёев ба варзишгарони узбак фароҳам овард. Ӯ дар робита ба ин, қарори дахлдорро ба тасвиб расонд ва ҳамчун тасмим гирифтааст, ки омӯзгорони варзишарони қаҳрамонро қадрдонӣ мекунад.
Абдуллозода мардуми кишварро бо Рӯзи варзишгарон шодбош гуфт
Шогирдони он варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои варзишӣ ҷойи 1 азони худ мекунанд бо мукофоти пулии яквақта дар ҳаҷми 6 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ҷойи дуюм 4 нишондиҳанда ва ҷойи саввум 3 нишондиҳанда, мукофотонида мешаванд.
Гузашта аз ин, устодони кафедраҳои тарбияи ҷисмонӣ, ки донишҷӯёни қаҳрамонро омода мекунанд, бо супориши раисҷумҳури Узбакистон унвонҳои аз қабили дотсент ва профессор сазовор мешаванд.