Ифшогариҳои Меҳрнигор: бурди грин корт, тарки Ватан ва "фиреб" - и сарояндагон - видео

© Sputnik / Амир ИсаевМехрнигор Рустам
Мехрнигор Рустам - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Меҳрнигори Рустам сарояндаи машҳури эстрадаи тоҷик, ки ахиран соҳиби грин корт шуду сафаре ба Амрико дошт, гуфт ба хотири мухлисонаш ба Тоҷикистон бозгашт

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputniк. Меҳрнигори Рустам дар барномаи "Ногуфтаҳо" - и журналист Орзу Исоев дар бораи бурди грин корт, тарки Тоҷикистон ва "фиреб"-и сарояндаҳои тоҷик гуфт.

Ӯ дар ин нашри барнома, сиррҳои зиёдеро ошкор кард. Ба нақли Меҳрнигор аз бурди грин корти ӯ бисёре аз "душманонаш" аз доираи сарояндагони тоҷик шод шуданд ва фикр мекарданд, ки Меҳрнигор дигар боз намегардад.

"Ман чунин ният надоштам, ки грин корт бурд кунаму дигар ба Ватанам наоям. Ман Ватанамро дӯст медорам. Ба хотири оилаамон ба хотири мухлисонам ман бозгаштам", - гуфт Меҳрнигор.

Меҳрнигор аз сафараш ба ИМА ёдовар шуда, мушкилоти баргузории консерташро нақл кард.

"Буданд одамоне, ки намехостанд, консерти ман баргузор шавад. Ҳар роҳеро истифода мекарданд, найранг мекарданд, бархеҳо бовар надоштанд, ки толор пур мешавад. Ман ҳайрон мешавам, ки наход мардум то ин андоза бадбин шаванд. Вале, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, консерти ман баргузор шуд ва интизор набудам, ки чунин мардуми бисёр ҳатто аз Самарқанду дигар ҷойҳо ба барнома меоянд".

Меҳрнигори Рустам "хайтер" - ҳоро мушт зад - видео

Мехрнигор Рустам - Sputnik Тоҷикистон
Меҳрнигори Рустам "хайтер" - ҳоро мушт зад - видео

Ба гуфти Меҳрнигор пас аз ин консерт чандин пешниҳоди ҳамкорӣ аз ҷониби продюсерҳои эронию афғонӣ шуд, вале ӯ то ҳол тасмими ниҳоиро нагирифтааст.

Ҳамчунин, Меҳрнигор ва Орзу Исоев дар ин барнома, сирри аҷиберо ифшо карданд.

Онҳо номи дигари Меҳрнигорро, ки бофтаи хаёли Орзу ва модари Меҳрнигор будааст, ифшо карданд.

"Меҳрниор синфи 11 буд, ки оҳангҳои нахустинашро эҷод мекард. Дар баъзе аз дориаҳои мннақидони фарҳангӣ гуфтанд, ки ин духтараки 17-18 сола аз куҷо метавонад оҳанг иншо кунад".

"Мо ҳамроҳи модари Меҳрнигор тасими гирифтем оҳангҳояшро аз номи як зане бо номи Афсона Саробӣ, ки гуиё тамоми умраш дар ҷодаи оҳангсозӣ фаъолият кардааст, пешниҳод кунем", - нақл мекунад Орзу.

Оҳангҳои Меҳрнигорро то имрӯз сарояндагони машҳури эстрадаи тоҷик аз ҷумла Зафар Абдуалимов, Валиҷон Азизов ва дигарҳо сароидаанд.

Неделя моды в Душанбе. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Меҳрнигори Рустам: "то ҳастам номбардори миллати худ мешавам" - аксу видео

Ахиран Меҳрнигори Рустам суруди тозаи худро таҳти унвони "Ношинос" дар шабакаи Youtube нашр кард.

Меҳрнигори Рустам дар суруди нав аз ҷавони ошиқе ҳикоя мекунад, ки бо ҳазорон илтимос барои дидор бо маъшуқа дақиқаҳо мешуморад.

Меҳрнигори Рустам аз кӣ гурезон аст?: нашри суруди нав - видео

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Меҳрнигори Рустам соҳиби мукофоти байналмилалӣ "Содружество дебютов" (Иттиҳодияи нахустнамоишҳо) дар кишварҳои ИДМ шуд.

Овозхони ҷавон Меҳрнигори 25-сола ва яккасарои оркестри Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ, дар фаъолияти овозхонии худ борҳо соҳиби ҷоизаҳои мухталиф шудааст.

Меҳрнигори Рустам барандаи ҷоизаи байналмилалӣ шуд

Аз ҷумла Меҳрнигор дар озмуни "Чуҷаи заррин" ва Ҷашнвораи сурудҳои халқӣ соҳиби Гран при шудааст.

Дар баробари ин овозхони ҷавон дорандаи нишони Бозиҳои Делфини Алмаато дар соли 2007 буда то кунун ду албом  - "Тоҷикистон" ва "Шодиёна" - ро сабт ва пешкаши мухлисон кардааст.

Лентаи хабарҳо
0