ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон аз вазифа озод шуд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо судури як фармон Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистонро аз вазифа озод карда, бо фармони дигаре ӯро ба ин вазифа таъин кард.
"Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
Раҳмон Юсуф Аҳмадзод аз вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад", - омадааст дар фармон, ки рӯзи 25 январи соли 2020 дар хадамоти матбуотии Президенти кишвар нашр шудааст.
Ҳамзамон худи ҳамин рӯз, 25 январ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармони дигаре Юсуф Раҳмонро Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин кард.
Юсуф Раҳмон: дубора таъин шуданам шаҳодати эътимоди Президент аст
Юсуф Раҳмон кист?
Раҳмон Юсуф Аҳмадзод 22 марти соли 1966 дар ноҳияи Восеъ, вилояти Хатлон таваллуд шудааст.
Миллаташ тоҷик.
Соли 1991 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро (алҳол Донишгоҳи миллӣ) хатм карда, дар вазифаҳои гуногун фаолият намудааст.
Аз июли соли 1991 — муфаттиши прокуратураи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе.
Аз августи соли 1992 — муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе.
Аз феврали соли 1993 – муфаттиш оид ба корҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз ноябри соли 1993 — муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз декабри соли 1995 — прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе.
Аз феврали соли 1997 – муовини сардори Раёсат – сардори шӯъбаи тафтишотии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз октябри соли 1998 — Прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе. Аз июни соли 2002 — Прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе. Аз феврали соли 2004 – муовини Прокурори генералӣ – Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз 5 марти соли 2010 то 30 январи соли 2012 — Прокурори вилояти Суғд. Аз 30 январи соли 2012 то 14 декабри соли 2014 – сардори шӯъбаи бехатарии ҷамъиятии Дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз 14 декабри соли 2014 то 23 январи соли 2015 – муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз 23 январи соли 2015 – Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Генерал-полковники адлия буда, донандаи забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошад.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд аст.