Дар Петербург дар пайи ҷанҷол бо милисаҳо як муҳоҷири тоҷик кушта шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешПроверка документов
Проверка документов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино бар иттилои расонаҳо, ҷавони тоҷик дар ҳолати мастӣ қарор дошт ва бо дидани кормандони милиса бо онҳо ҷанҷол бардошт

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Расонаҳои Русия аз ҷанҷоли байни муҳоҷири тоҷик ва кормандони полис хабар додаанд, ки дар натиҷа муҳоҷири тоҷик ҳалок ва милисаҳо маҷрӯҳ шудаанд.

Сотрудник МЧС во время учений - Sputnik Тоҷикистон
Ҳалокати 11 муҳоҷир дар як сӯхтор дар вилояти Томски Русия
Бино бар иттилои манобеъ, ҳодиса дар Санкт-Петербург рух додааст.

Гуфта мешавад, ҷанҷол байни ҷавон ва милисаҳо шаби 23 ба 24 январ сар зад.

Ду корманди полис ба яке аз биноҳои истиқоматӣ омаданд, то хабари фаврӣ дар бораи нигоҳдошти ғайриқонунии маводи мухаддирро тафтиш кунанд. Дарро шаҳрванди Тоҷикистон боз кардааст, ки дар ҳолати сархушӣ қарор доштааст. Бо сабабҳои номаълум байни кормандони мақомоти Расуя ва муҳоҷир ҷанҷол сар задааст.

Сафорат ба 140 муҳоҷир дар Боздоштгоҳи Маскав ройгон санади бозгашт ба Ватан дод

"Як корманди полис дар натиҷаи зарба аз зинапоя афтидаву дигар ҷароҳати сабук бардоштааст. Аммо онҳо муҳоҷирро боздошт намуда, ба дасти табибон супоридаанд", - менависанд расонаҳо.

Гуфта мешавад, шаҳрванди Тоҷикистон дар бемористон ҳалок шудааст. Кормандони полис таҳти назорати табибон қарор доранд.

Расонаҳо сабаби марги муҳоҷири тоҷикро шарҳ намедиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0