Заминҷунбии 5- балла ноҳияи Лахши Тоҷикистонро ларзонд

© AP / Marco UgarteСейсмический график, архивное фото
Сейсмический график, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зӯҳри имрӯз дар ноҳияи Лахши Тоҷикистон заминларза бо қувваи 5 дараҷаи Рихтер рух дод, ки шиддати он шаҳри Душанбе ба 2 дараҷа баробар буд

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Заминҷунбӣ тахминан соати 12:09 дақиқа ба вақти маҳаллӣ ба қайд гирифта шуд.

Тибқи иттилои Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази зилзила  дар  километри 260-уми қисмати шимолу шарқи  Душанбе, дар шарқи ноҳияи Лахш қарор дошта, 5 баллро ташкил дод.

Заминҷунбӣ Роғунро такон дод

Шиддати зилзила тибқи ҷадвали Рихтер дар Душанбе 2 балл арзёбӣ гардид.

Дар бораи хисороти зилзила хабар нарасидааст.

Лентаи хабарҳо
0