ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Ҷамшед Ҷумъахонзода раиси савдо ва саноати Тоҷикистон ва Вироҷ Синг сафири Ҳиндустон дар ин ҷумҳурӣ дидору гуфтугӯ карданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати кишвар.
Зимни мулоқот Ҷумъахонзода таъкид доштааст, ки барои афзоиши содироти коло ва маҳсулоти тоҷикӣ ба Ҳиндустон корҳои зиёде анҷом дода шудааст ва бо таваҷуҳ ба афзоиши тақозо барои колоҳои тоҷикӣ ба вижа маҳсулоти кишоварзӣ ҳамкорӣ дар ин замина тақвият дода мешавад.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки ширкати соҳибкорони тоҷик дар намоишгоҳҳое, ки дар қаламрави Ҳинд баргузор мешаванд фурсатҳои бузургеро барои содироти коло ва маҳсулоти тоҷикистонӣ ба бозори ин кишвар, ҷустуҷуи шарикони нав ва густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ фароҳам мекунад.
Дар ин мулоқот ҳамчунин масоили муҳим марбут ба тавсиъаи ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни 2 кишвар баррасӣ шуд.
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки дар ин нишаст Ҳагил Капур дабири дуввуми сафорати Ҳиндустон дар умури иқтисод ва тиҷорат низ ҳузур дошт.