ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Котиботи раисиҷумҳур мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон 20 январ дар ҷаласаи васеъи Ҳукумат, дар фаъолияти роҳбарону масъулини як қатор вазорату идора, сохторҳои назди Ҳукумат ва мақомоти маҳаллӣ камбудиву норасоиҳоро ошкор намудааст.
“Бо натиҷагирӣ аз ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунандаи вазорату идораҳо, кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои ҳимояи ҳифзи ҳуқуқ тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд”, - омадааст дар иттилоияи котиботи раисиҷумҳур.
Манбаъ афзуд, бо фармонҳои раисиҷумҳур ва қарорҳои Ҳукумат, вазирони рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш, ректорони як қатор муассисаҳои олии таълимӣ аз вазифаҳои ишғолкардаашон озод гардиданд.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои расида, афроди барканоршуда мақомҳои нав гирифтанд.
Инчунин дар мувофиқа бо раисиҷумҳури Тоҷикистон роҳбарони нави идораҳои милиса дар кишвар таъин гардидаанд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, Эмомалӣ Раҳмон ба кадрҳои таъиншуда барои ҷоннок намудани самаранокии фаъолияти вазорату идораҳо, рафъи камбудиҳои ҷойдошта, таъмини зиндагии шоистаи мардум, боло бурдани иқтидори молиявию иқтисодии давлат, ҷалби сармояи хориҷӣ, тарғибу ташвиқи дастовардҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, таъмини амнияту тартибот дастур додааст.