Одамгарӣ: қазоқҳо 57 муҳоҷири тоҷикро аз сардии 50-дараҷагӣ наҷот доданд

© tengrinews.kzАвтобус на дороге
Автобус на дороге - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо талоши хадамоти наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон 57 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бар асари шикастани мошин зери хатар монданд, аз сардии ҳудудан 50 дараҷа наҷот дода шуданд. Агар кумаки саривақтӣ намерасид, эҳтимоли мусибатҳо миёни мусофирон вуҷуд дошт

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон дар истинод бар хабари рӯзноманигори тоҷик Соломиддин Мирзораҳматов аз наҷот ёфтани 57 муҳоҷири тоҷик дар Қазоқистон гузориш медиҳад.

Сотрудник МЧС во время учений - Sputnik Тоҷикистон
Ҳалокати 11 муҳоҷир дар як сӯхтор дар вилояти Томски Русия

Кумита наҷотдиҳии фаврии муҳоҷирони тоҷикро аз ҷониби масъулини қазоқ тавсиф намуда, иқдоми онҳоро кори инсондӯстона намидааст.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса шаби 20 ба 21-уми январ, вақте дар шимоли Қазоқистон сардии ҳаво ба 50 дараҷа расид, рух додааст.

"Дар қаламрави ноҳияи Буландин, дар наздикии шаҳри Макинск автобуси шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз вилояти Суғд ба Русия равона буд, шикаст. Ронандаи мошин, ки аз қазо дар телефони дастии худ симкорти қазоқӣ ҳам дошт, ба шумораи 112 ба хадамоти наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Қазқистон занг зад", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Бархӯрди автобуси муҳоҷирони тоҷик бо мошини боркаш дар Тюмен: ду нафар ҷон бохтанд

Сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон дар ноҳия Баурҷон Жусупов фавран ҳамаи кормандони наҷотро ба по хезонд. Баъди як муддати басо кутоҳ ба назди мусофирони дар сардӣ азиятдидаи тоҷик худи сардори хадамот Жусупов, сардори бахши ноҳиявии умури дохилӣ Алмат Метаев, сардори пулиси минтақа Ернар Кайиржанов, ҷонишини ҳокими ноҳия Бахит Шамкеновна ва корманди ҳокимияти ноҳия Рустам Сапаев ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд, афзудааст КҲФ.автобус

Масъулини қазоқ мусофиронро дар мактаб ҷой дода, бо хӯроки гарм таъмин намудаанд ва ба Русия кардаанд.

Муҳоҷирони тоҷик бо далели гарон будани арзиши ҳавопаймо ва қатор бо автобус роҳи Русияро пеш мегиранд, ки дар зимистон хатарзост.

Лентаи хабарҳо
0