Дар Душанбе шаҳраки нав — №163 бунёд мегардад

© Sputnik / Амир ИсаевВид на город Душанбе, архивное фото
Вид на город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масоҳати ҳудудҳои қитъаи тарҳрезишудаи шаҳраки мазкур  40,00 гектарро дар бар  гирифта, дар  5,80 гектари он биноҳои истиқоматӣ  бунёд мегарданд

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Дар ҳудуди кӯчаҳои Шевченко, Бухоро ва Ҷалол Икромӣ шаҳраки 163 –юми шаҳри Душанбе  бунёд мегардад.

Дар асоси супориши раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ  тибқи Нақшаи генералии пойтахт,Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳр нақшаи муфассали тарҳрезии шаҳраки 163-ро  дар пойтахт таҳия  намуд.  

Президент Таджикистана  Эмомали Рахмон и мэр города Душанбе рассматривают проект строительства гостиницы - Sputnik Тоҷикистон
Муаррифии лоиҳаи бунёди 9 меҳмонхонаи нав дар шаҳри Душанбе

Бо  дастуру  супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон сохтмони биноҳои маъмурию истиқоматӣ дар шаҳраки  мазкур тибқи  талаботи муосири шаҳрсозӣ ба роҳ монда шуда, дар онҳо  унсурҳои меъмории миллӣ истифода мегарданд.

Дар ин бора  аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи hаиси шаҳри Душанбе ба АМИТ "Ховар" хабар доданд.

Масоҳати ҳудудҳои қитъаи тарҳрезишудаи шаҳраки мазкур  40,00 гектарро дар бар  гирифта, дар  5,80 гектари он биноҳои истиқоматӣ  бунёд мегарданд. Шумораи биноҳои истиқоматии дар ин макон бунёдшаванда 75 ададро ташкил медиҳад.

Мудерн ва осмонбӯс: Рустами Эмомалӣ Душанберо дигар мекунад - акс ва видео

Тибқи иттилои муовини якуми Сарраёсати меъморӣ  ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Ҳусниддин Саидмуъминов, дар шаҳраки нав  дар  масоҳати  0,90 гектар  сохтмони биноҳои маъмурӣ, ки 7 ададро ташкил медиҳанд, ба нақша гирифта шудааст.  

Ҳамчунин  дар масоҳати 0,70 га  сохтмони биноҳои иҷтимоӣ, ки шумораи онҳо 4 адад муқаррар гардидааст, дар назар аст.

Зебо ва мудерн: Душанбеи ояндаро дар аксҳо бубинед

"Дар  шаҳраки нави замонавӣ  дар  масоҳати 8,00 гектар   роҳҳои мошингард, 6,90 гектар  пиёдароҳҳо бунёд  мешаванд.  Ҳудуди   14,00 гектари шаҳраки нав сабзазор  мегардад. Бо инобати васеъшавӣ навсозии  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ №52,  боғчаи кӯдаконаи №73  "Садбарг" ва ду адад боғчаҳои кӯдаконаи лоиҳавӣ барои 150- нафарӣ,  муассисаҳои томактабӣ  барои 75 кӯдак (дар ошёнаҳои аввали биноҳои истиқоматӣ) ва  марказҳои хизматрасонии тиббии оилавӣ,  нозироти минтақавӣ  (дар ошёнаҳои аввали биноҳои лоиҳавӣ)  ба нақша гирифта шудаанд".

Манбаъ афзуда, ки дар шаҳраки замонавӣ биноҳои истиқоматии серқабата ва миёнаошёна, марказҳои  хизматрасонӣ, кӯдакистонҳо, майдончаҳои варзиш, майдонча барои бозии кӯдакон, айвону гулгаштҳои истироҳатӣ ва таваққуфгоҳи 1 ва 2-ошёнагӣ  бо фароҳам овардани шароити хуб барои зиндагии сокинони он  бунёд карда мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0