Бархӯрди қатора ба мошини сабукрав: ҳалокати ҷавони 23-сола

© © Sputnik / Андрей АрхиповТепловоз, архивное фото
Тепловоз, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бар асари бархӯрди қатора (тепловоз) бо мошини сабукрави “Опел-Вектра” як ҷавони 23-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳалокат расид

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи 22-юми январи соли равон, ҳангоми бархӯрди қатора бо мошини сабукрав, ки ба сабаби беаҳамиятии ронандаи мошин сурат гирифтаст як ҷавони 23-сола ба ҳалокат расид.

Горная дорога в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе-Кӯлоб

Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Зоидов Фирдавсҷон, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Зарзамин ба самти ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи мазкур бо мусофир, Манонов Алишер, соли таваллудаш 1996, сокини ҳамин ноҳия, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин накарда, ҳангоми наздик шудан ба роҳи оҳан ба чароғи роҳнамо ва дастурҳои навбатдор беаҳамиятӣ карда, хатти роҳи оҳани Хуҷанд-Қайроққумро убур намудааст.

Манбаъ қайд кардааст, ки дар ин вақт қатора, ки таҳти идораи машинист Қурбонов Комилҷон Турсуналиевич қарор дошт, ба қисмати дари пеши автомашина бархурдааст.

“Дар натиҷаи ин садама, мусофир Манонов Алишер ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расидааст”, - зикр намудааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои ВУД Тоҷикистон, ронанда автомашина Зоидов Фирдавсҷон, ки ба чароғи роҳнамо ва дастурҳои навбатдор беаҳамиятӣ карда, хатти роҳи оҳани Хуҷанд-Қайроққумро убур намудааст  ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони ВУД Тоҷикистон аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқотро идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0