ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Мақомоти вилояти Хатлон иттилоъ додаанд, ки ин тарҳҳо бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ амалӣ мешаванд, навиштааст хабаргузории ТоҷикТА.
Манбаъ афзуд, ки лоиҳаҳо аз ҷумла таробарӣ, беҳдошт, энержӣ ва обрасониро дар бар мегирад. Ҳамчунин, дар Хатлон тарҳҳои бозсозии ҷоддаҳои мошингард, нерӯгоҳҳои обӣ ва сохтусози пулҳо иҷро мешавад.
Фармони Раҳмон барои ҷаласаи ғайринавбатӣ: баҳси таъиноти додситони кулл ва Роғуну Талко
Қисмати аслии тарҳҳо аз ҳисоби маблағҳои эътиборӣ ва кумакҳои бебозгашти созмонҳои молии байналмилалӣ амалӣ мегарданд.
Бонкҳои тавсеаи исломӣ ва осиёӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки урупоии бозсозӣ ва тавсеа, Сандуқи ОПЕК ва ғайра дар амалисозии ин тарҳҳо ба ҶТ кумаки молӣ медиҳанд.