ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз байни рамзҳои пешниҳоднамудаи рассомон, дизайнерон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон рамзи "30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро тасдиқ намуд.
Ҳамзамон дар қисми марказӣ рақами 30 бо ҳошияи зарҳалӣ бо истифода аз рангҳои парчами миллӣ ва дар қисми болои рақам яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон – тоҷ дар заминаи кӯҳҳои пурбарф ҷой дода шудааст.
"Хӯшаи гандум": рамзи нави Данғара дар даромадгоҳ чигуна аст - акс
Қисми поёни рақам ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистонро дар бар гирифта, бо тасвири роҳи сеқабата, агрегати НБО, обпарто ва нақб – ифодагари дастовардҳои назарраси кишвар мебошанд.
Дар қисми мобайнӣ дарахтони сарсабз, дашту пуштаҳо ва боғҳо нишонае аз рушди деҳот буда, баёнгари табиати биҳиштосои кишвар маҳсуб меёбад.
"Тоҷ, рақами 30, осмони соф ва кӯҳҳо аз фазои сулҳу суботи Тоҷикистони соҳибистиқлол дарак медиҳанд", - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ҳамакнун вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи "30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" васеъ истифода баранд.
Ёдовар мешавем, ки 9 - уми сентябри соли 1991 Тоҷикистон истиқлолияти давлатиро ба даст оварда буд.