Президент рамзи пешниҳодкардаи рассомонро тасдиқ кард

Обуна шудан
Президент Эмомалӣ Раҳмон рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро тасдиқ намуд

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

"Рамзи мазкур аз ҷониби Иттифоқи рассомон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Эмомали Рахмон провел заседение Совбеза страны  - Sputnik Тоҷикистон
Президент дар бораи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” фармон содир кард

Гирдогирди рамзро се хати доирашакли сурх, сафед ва сабз фаро гирифтааст, ки таҷассумгари Парчами давлатӣ маҳсуб меёбанд. Инчунин, ду хати иловагии доирашакли кабудранг ва ҳафт ситора низ рамзҳои миллиро ифода мекунанд. Дар гирди рамз бо забонҳои тоҷикиву англисӣ "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021" навишта шудааст.

Рушди деҳот ва тандурустӣ: дидори раисҷумҳур бо намояндаи воломақоми Аврупо

Дар маркази доира ҷузъиёти асосии рамз — кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Тоҷикистон, офтоби оламоро, манзараҳои зебои ҳаёти деҳот, роҳу нақбҳо ва сайёҳ чун нишонаи рушди сайёҳӣ, рубоб, кӯза ва анору ангур ҳамчун рамзи кишоварзӣ ҷой дода шудааст, ки таҷассумкунандаи макони меваҳои шаҳдбор будани диёри зебоманзари Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Ҳамзамон, мусаввараҳо бо нақшу нигорҳои миллӣ оро дода шудааст, ки идомаи ҳунарҳои мардумӣ мебошанд.

"Дар маҷмӯъ, рамзи мазкур чор ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакатро бо тасвир кардани дарғот, нақб, роҳ ва меваҷот ифода мекунад", - афзудааст дафтари матбуот.

Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" васеъ истифода баранд.

Лентаи хабарҳо
0