ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи олимпии Чин тасмим гирифтанд, ки макони баргузории мусобиқаи интихобии боксро бинобар хуруҷи маризии коронавирус иваз кунанд, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур мебоист дар шаҳри Вуҳани Чин аз 3 то 14 - уми феврали соли ҷорӣ баргузор мегардид. Аммо феълан ташкилкунандагони ин мусобиқа дар пайи пайдо кардани макони нав қарор доранд.
Ҳадс зада мешавад, ки мусобиқаи интихобии олимпии бокс берун аз Чин дар дигар давлат баргузор гардид.
Зимнан, Конфедератсияи футболи Осиё низ дар робита ба ин маризии сироятӣ, макони баргузории мусобиқаи интихобии олимпии бонувонро аз шаҳри Вуҳан ба шаҳри Нанҷинг иваз кард.
Камолзода: коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаст
Тибқи иттилои мақомоти Чин феълан бар асари маризии сироятии коронавирус дасти кам 17 нафар ба ҳалокат расида, 540 тани дигар мубталои ин беморӣ шуда, таҳти назорати табибон қарор доранд.
Бояд гуфт, ки шумораи сироятёфтагон ба ин маризӣ ҳамарӯза рӯ ба афзоиш аст. Ҳолати сироят ёфтани шаҳрвандон дар дигар шаҳрҳои Чин, ҳамчунин Тайланд, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон сабт шудааст.
Ҳамзамон бурузи ин маризи дар Амрико ва Мексика низ ба мушоҳида расидаст.