Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон бо шиносномаи қалбакӣ дар Кишинёв

© ЦОС ФСБ РФ / Гузариш ба медиабонкФСБ задержали в Москве пособника террористам
ФСБ задержали в Москве пособника террористам - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Марзбонони Молдова як шаҳрванди Тоҷикистонро бо гузарномаи қалбакии украинӣ дар фурудгоҳи Кишинёв пойтахти ин кишвар боздошт карданд

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Дар ин бора хабаргузории "Прас тудэй" иттилоъ дода, афзудааст, киин шаҳрванди 38 солаи Тоҷикистон ба иттиҳоми узвият дар гуруҳи террористии ДИИШ таҳти пайгарди қазоии байналмиллалӣ буда ва қасд дошта бо гузарномаи қалбакӣ ба ғарби Осиё биравад.

Задержание сторонников ИГ в Дагестане. Оперативные кадры - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти яке аз раҳбарони ДОИШ дар Ироқ

Мақомоти қазоии Кишинёв эълом карданд, ки боздошти ин шахсро ба мақомоти Тоҷикистон иттилоъ додаанд.

Ӯ дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи мувақати Вазорати кишвари Молдова нигаҳдорӣ мешавад ва бо дарёфти санадҳои мақомоти қазоии Тоҷикистон ба кишвараш бозгардонда мешавад.

Мақомоти амниятии Кишинёв мегуянд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон қаблан низ чанд бор аз роҳи заминӣ аз Украина вориди Кишинёв шуда ва баррасии дақиқи гузарномаи вай, қалбакӣ будани ин санадро ифшо кардааст.

Президент қатли марзбонҳои тоҷикро кори “ДОИШ” хонд

Манобеи Додситонии кулли Тоҷикистон эълом карданд, ки ҳудуди ҳазору 900 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар солҳои 2014 то 2018 дар Сурия ва Ироқ узви гуруҳи террористии ДИИШ шуданд.

Лентаи хабарҳо
0