Рӯзи 22 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1939 нахустин маротиба дар Донишгоҳи Колумбия (ИМА) зарраи атоми уран тақсим карда шуд.
Соли 1960 дар натиҷаи таркиш дар кони назди Йоханнесбург (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) зиёда аз 400 нафар ба ҳалокат расиданд.
Соли 2002 шумораи муштариёни ширкати "Мегафон" ба як миллион нафар баробар шуд.
Соли 2014 дар шаҳри Мадриди Испания 34-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ («FITUR») – аввалин ва калонтарин ҷамъомади сайёҳӣ дар ҳамон сол баргузор гардид.
Рӯзи 22 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2010 таҳти раёсати Президент Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи нахустини Шўрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Соли 2010 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ базми ҷавонон баргузор гардид. Ҷамъомади мазкурро «Ҷамъияти пушкинӣ»- и Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Шӯрои ҳамватанони россиягии Тоҷикистон баргузор намуданд.
Соли 2010 дар шаҳри Павлодари Қазоқистон паҳлавонони сабки гурҷӣ-римии Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии хотиравии бародарон – Сергей ва Иван Ярмоленковҳо иштирок намуданд.
Соли 2014 масоили ҳамкории Тоҷикистон ва САҲА муҳокима гардиданд.
Соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи пешниҳод «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуд.
Соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро тасдиқ намуд.
Ҷашнҳои рӯзи 22 январ
- Дар Ҷумҳурии Точикистон — Рӯзи кормандони мақомоти гумрук.
- Дар Боливия – Рӯзи таъсиси давлати сермиллат.
Рӯзи 22 январ кӣ ба дунё омадааст
Александр Ермолев (1914 1987) рассом. Ходими шоистаи ҳунарии Тоҷикистон.
Муҳиба Ёқубова (1937) доктори илми биологӣ, профессор, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми Ҷумҳурӣ.
Зебои Хатлонӣ (Сафарова ) (1967)- шоира.
Тӯлқин Муродалиев (1944)- доктори илми тиб, профессор.
Шавкия Почоҷонова (1945) доктори илми тиб.
Ҷумъа Расулов (1949) Журналисти шоистаи Тоҷикистон.
Ҳотами Ҳомид (1967)- нависанда.